Ҳамкории парламент бо Палатаи ҳисоб таҳким меёбад
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Фаъолияти Палатаи ҳисоб ва таҳкими ҳамкориҳо бо парламент» чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коршиносони байналмилалӣ иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба фаъолияти Палатаи ҳисоб, таҷрибаи байналмилалии ҳамкории мақомоти олии аудит бо парламент ва роҳҳои тақвияти ҳамкории байни ин ниҳодҳоро баррасӣ карданд.
Ҳадафи асосии чорабинӣ баррасии фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносоӣ бо таҷрибаи байналмилалӣ оид ба таъмини ҳамкориҳо бо парламент, инчунин, муайян намудани имконияти таҳкими ҳамкории Палатаи ҳисоб бо параламент ва рушди назорати парламентӣ буд.
Зикр гардид, ки ҳамкории самараноки парламент бо Палатаи ҳисоб метавонад ба таҳкими назорати парламентӣ, баланд бардоштани масъулияти мақомоти давлатӣ ва беҳтар намудани низоми идоракунии молияи давлатӣ мусоидат намояд.
Иштирокдорони чорабинӣ зарурати истифодаи самараноки натиҷаҳои аудити давлатӣ, такмили заминаи қонунгузорӣ ва ба назар гирифтани тавсияҳои аудиториро ҳангоми қабули қарорҳои дахлдор муҳим арзёбӣ карданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки таҳкими ҳамкорӣ байни парламент ва Палатаи ҳисоб, баланд бардоштани сифати санҷишу арзёбиҳои аудиторӣ ва истифодаи мақсадноки натиҷаҳои онҳо аз омилҳои муҳими таъмини шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва рушди низоми самараноки идоракунии молияи давлатӣ ба ҳисоб мераванд.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
