https://sadoimardum.tj

Иштироки Бибиосия Аюбӣ дар ҷаласаи АБП ИДМ

№:142 (5194) 04 ноя 2026, 09:13
4

22-юми октябри соли 2026 дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил оид ба таҳияи «Фарҳанги истилоҳот ва мафҳумҳое, ки дар таҳияи санадҳои қонунгузории соҳаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ истифода мешаванд» баргузор гардида, дар он узви гурӯҳи корӣ, вакили Маҷлиси намояндагон Бибиосия Аюбӣ иштирок намуд. 
Дар ҷаласа лоиҳаи «Фарҳанги истилоҳот ва мафҳумҳое, ки дар таҳияи санадҳои қонунгузории соҳаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ истифода мешаванд» муҳокима ва ҷонибдорӣ ёфт.
Фарҳанги мазкур беш аз 280 истилоҳро дар бар гирифта, барои ҳамоҳангии истилоҳоти қонунгузории давлатҳои иштирокдори ИДМ дар соҳаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: