Ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагон
Дуюми ноябри соли 2026 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он масъалаҳо «Оид ба баргардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуши маснӯӣ» ва «Оид ба баргардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзим ва рушди интернет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуда, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар ҷаласаи Шуро, ҳамчунин, масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2028-2029», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027 ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2028-2029», «Дар бораи Самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027 ва давраи миёнамуҳлат», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи геодезия ва харитасозӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парки технологӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи индексатсияи даромади аҳолӣ бо назардошти нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи «Қоидаҳои одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар хусуси Созишномаи уҳдадории фурӯш байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд (ҳамчун мудири Фонди имтиёзии БИР) вобаста ба лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи автомобилгарди Рӯшон-Варшез, марҳилаи 1», «Дар хусуси Созишномаи агентӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи автомобилгарди Рӯшон-Варшез, марҳилаи 1», «Дар хусуси Созишномаи иҷораи пешпардохт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи автомобилгарди Рӯшон-Варшез, марҳилаи 1» «Дар хусуси Созишномаи уҳдадории фурӯш байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи автомобилгарди Рӯшон-Варшез, марҳилаи 1», «Дар хусуси Созишномаи иҷораи пешпардохт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд (ҳамчун мудири Фонди имтиёзии БИР) вобаста ба лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи автомобилгарди Рӯшон-Варшез, марҳилаи 1», «Дар хусуси Созишномаи хизматрасонӣ дар давраи иҷора байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд (ҳамчун мудири Фонди имтиёзии БИР) вобаста ба лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи автомобилгарди Рӯшон - Варшез, марҳилаи 1», «Дар хусуси Созишномаи агентӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд (ҳамчун мудири Фонди имтиёзии БИР) вобаста ба лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи автомобилгарди Рӯшон - Варшез, марҳилаи 1», «Дар хусуси Созишномаи хизматрасонӣ дар давраи иҷора байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи автомобилгарди Рӯшон-Варшез, марҳилаи 1», «Дар хусуси Созишномаи уҳдадории харид байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи автомобилгарди Рӯшон-Варшез, марҳилаи 1» ва «Дар хусуси Созишномаи уҳдадории харид байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд (ҳамчун мудири Фонди имтиёзии БИР) вобаста ба лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи автомобилгарди Рӯшон-Варшез, марҳилаи 1» мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
Дар ҷаласа, инчунин, «Дар бораи доир намудани муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» дар 9 моҳи соли 2026» қарор қабул шуд.
Шурои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум» қарор қабул кард.
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
