Аз ноҳияи дататсионӣ ба минтақаи саноатӣ
Дар чор моҳи соли ҷорӣ 22 корхонаи саноатии ноҳияи Айнӣ ба маблағи 4 миллиарду 480 миллиону 40 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2024 2 миллиарду 904 миллиону 109,8 ҳазор сомонӣ бештар аст.
Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода зимни суҳбат зикр кард, ки рушди саноат дар ин минтақа маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ ба марҳалаи нав ворид гардида, ноҳия аз зумраи ноҳияҳои дастнигари молиявӣ хориҷ ва ба як воҳиди саҳмгузор дар дастгирии молиявии дигар минтақаҳо табдил ёфтааст. Ӯ афзуд, ки талошҳо ба он равона шудаанд, ки то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои нави саноатӣ амалӣ ва марҳалаҳои дуввуми корхонаҳои истеҳсолӣ ба кор дароварда шаванд.
Намунаи татбиқи самарабахши лоиҳаҳои саноатӣ дар ноҳия ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» мебошад, ки аз соли 2022 дар мавзеи Кумарғи боло фаъол аст. Корхона бо ҷалби сармоя ва истифодаи фанновариҳои муосир на танҳо дар рушди иқтисоди ноҳия саҳм мегузорад, балки садҳо ҷавонони маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин намудааст. Ин омил боис гардидааст, ки раванди муҳоҷирати меҳнатӣ коҳиш ёфта, сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар гардад. Дар баробари ин, татбиқи марҳалаи дувуми лоиҳа бомаром идома дорад.
Ташаббуси дигаре, ки то ҷашн амалӣ хоҳад шуд, ифтитоҳи корхонаи ҶДММ «Араб- енирал Групп» мебошад, ки иқтидори холисгардонии маъданро то 10 тонна дар шабонарӯз дошта, 150 ҷойи нави корӣ муҳайё месозад. Ин корхона дар мустаҳкамсозии заминаҳои содиротии саноати ноҳия нақши калидӣ мебозад.
Дар маҷмуъ, номгӯи маҳсулоти саноатии ноҳия ба 15 намуд расидааст ва аксари онҳо хусусияти воридотивазкунанда доранд.
Н. ТУРСУНОВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





