Дар Суғд истеҳсоли тухм афзудааст
Тибқи иттилои Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ дар вилоят 258 миллиону 899 ҳазору 300 дона тухм истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиши назаррас аст. Ҳоло саршумори паранда дар вилоят ба 5 миллиону 558 ҳазору 860 сар расидааст.
Ҳарчанд истеҳсоли тухм дар бархе аз шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла Айнӣ, Зафаробод, Конибодом, Кӯҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ, Хуҷанд ва Бӯстон, коҳиш ёфтааст, аксари корхонаҳо тавонистаанд, ки нақшаи истеҳсолиро барзиёд иҷро намоянд ва бозорро бо тухмҳои босифат таъмин кунанд. Баъзе аз онҳо ҳатто сехҳои махсуси чӯҷабарорӣ таъсис додаанд, то дар таъмини дохилии худ мустақил бошанд. Вале як қисми дигари корхонаҳо то ҳол ба захираҳои бозорӣ вобастагӣ доранд, ки онҳоро осебпазир кардааст.
Н.ТУРСУНОВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





