https://sadoimardum.tj

Рашт. Баррасии истифодаи ғайриқонунии барқ

09 июн 2025, 08:08
2

Дар ноҳияи Рашт таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи 7- ми комиссияи корӣ оид ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ баргузор гардид.

Мақсади ҷаласа шарҳу тавзеҳ ва фаҳмондани моҳияти қонунҳо «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  буд. Хонандагон огоҳӣ доранд, ки 15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қонунҳои мазкур имзо гузоштанд. 

Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Азимзода қонунҳоро шарҳу тафсир намуда, иброз дошт, ки сари вақт пардохт намудани маблағи истифодаи қувваи барқ ва истифода аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ масъулияти баланди шаҳрвандӣ мебошад. 

- Моро зарур аст, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ неруи барқро, ки норасоии он хусусияти мавсимию муваққатӣ дорад, сарфакорона истифода намоем. Истифодаи босамару сарфаҷӯёнаи неруи барқ ба рушди босуботи иқтисодии оила ва давлат мусоидат менамояд, - таъкид кард ӯ.

Муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода оид ба бартараф намудани мушкилоти марбут ба истифодаи қувваи барқ ба кормандони шабакаҳои барқ раисони шаҳру ноҳияҳои минтақа ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастуру супоришҳои мушахас дод.

Д. МИРЗО,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: