Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ ва татбиқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо ин ном дар меҳмонхонаи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ»-и (ТШСИ) Бонки ҷаҳонӣ тренинг баргузор гардид.
Рафиқа Мусоева, узви Шурои ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ, ҳадафи ҳамроҳшавии Тоҷикистонро ба ин ташкилот шарҳ дода, аз ҷумла гуфт, ки ин иқдом ба беҳтар кардани шароити сармоягузорӣ таъсири мусбат дошта, обрӯи кишварро чун ҷонибдори шаффофият афзун мегардонад, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд ва барои табақаҳои муайяни аҳолӣ сарчашмаҳои нави даромад ба вуҷуд меоянд.
Зикр шуд, ки ҳоло зиёда аз 100 ширкати бузурги нефту газ ва канданиҳои кӯҳӣ барои татбиқи ТШСИ талош меварзанд.
Наҷиба МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар бораи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар бо таҳлили рушди иқтисоди миллӣ омода
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2023 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2023, № 11, моддаи 456) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: 1.
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
23-юми январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии
Пешвои Наврӯз
Агарчӣ дар гузашта Наврӯзро арҷ мегузоштанд, вале аз ҷониби ҳукуматҳои замон ба он камтаваҷҷуҳӣ ё бештар бетаваҷҷуҳӣ сурат мегирифт. Хушбахтона, дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо
