Кӯҳистони Мастчоҳ. Симои нав дар партави истиқлол
Ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сохтмони биноҳои маъмурии як қатор сохторҳои давлатӣ идома дорад. Аз ҷумла, бинои нави нозироти молия, бахши меҳнат ва шуғли аҳолӣ, прокуратура, хобгоҳ барои хизматчиёни давлатӣ ва маркази саломатӣ бунёд мешаванд.
Тағйир ёфтани симои маркази маъмурии ноҳия - шаҳраки Меҳргон ва беҳтар шудани хизматрасониҳои давлатӣ яке аз нишонаҳои муҳими рушди инфрасохтори ноҳия ба шумор меравад. Ободонии шаҳрак, аз ҷумла чароғонкуниву кабудизоркунӣ, шаҳодати он аст, ки ин гӯшаи диёр дар остонаи тағйироти куллӣ қарор дорад.
Бино ба иттилои раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, дар доираи нақша-чорабиниҳои ҷашнии ноҳия ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 115 банд тарҳрезӣ гардида, то имрӯз 59 банди он амалӣ шудааст. Аз ҷумла, сохтмони 10 маркази инкишофи кӯдак ва 8 муассисаи томактабӣ дар деҳоти ноҳия дар назар аст, ки далели таваҷҷуҳи хоса ба таълиму тарбияи насли наврас мебошад.
Сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки аксарашон ба кишоварзӣ машғуланд, аз корҳои созандагию бунёдкорӣ ва беҳтар шудани инфрасохтор дар марказу деҳот қаноатманданд. Онҳо сиёсати ободгаронаи Пешвои миллатро ҷонибдорӣ намуда, пешравиҳоро самараи истиқлолият ва ваҳдати миллат медонанд.
Н. ТУРСУНОВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





