Панҷакент. Ҷамъоварии картошка шурӯъ шуд
Кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Муслим Холиқов»-и деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент нахустин шуда, ба ҷамъоварии картошка шурӯъ намуданд.
Иттилоъ гирифтем, ки дар хоҷагӣ имсол масоҳати картошкаи барвақтӣ 19 гектар буда, аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна то 250 сентнер ҳосил рӯёниданд.
Ҳосили ҷамъоваришуда дар бозори сарироҳӣ, ки дар канори шоҳроҳи Панҷакент - Айнӣ, дар мавзеъи Қавола воқеъ аст, ба фурӯш гузошта шудааст.
Дар ин заминҳо хоҷагидорон баъд аз ҷамъоварии ҳосили картошка сабзӣ, қаланфури булғорӣ, шалғам ва дигар забзавот кишт менамоянд.
Маврид ба ёдоварист, ки ҳоло дар дигар хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти мазкур кишти картошка идома дошта, масоҳати он то охири мавсим ба 535 гектар расонида мешавад.
Ҷ. САБОҲИДДИН,
“Садои мардум”
Ҳамчунин дигар маводҳо:
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар бораи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар бо таҳлили рушди иқтисоди миллӣ омода
Суғд. Вусъати кишти картошкаи барвақтӣ
Бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғанӣ гардондани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд кишти картошкаи барвақтӣ дар 1200 гектар ба нақша гирифта
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои
Пешвои Наврӯз
Агарчӣ дар гузашта Наврӯзро арҷ мегузоштанд, вале аз ҷониби ҳукуматҳои замон ба он камтаваҷҷуҳӣ ё бештар бетаваҷҷуҳӣ сурат мегирифт. Хушбахтона, дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
23-юми январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии
