https://sadoimardum.tj

Номаи табрикӣ

№:75 (4971), 16 июн 2025, 16:49
1

12-уми июни соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Матвиенко Валентина Ивановна номаи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Валентина Ивановна,

Табрикоти самимии маро ба муносибати Рӯзи Россия пазиро ­бошед!

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои мустаҳкам ва гуногунҷанбаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймониро бо Федератсияи Россия, ки ба пайванди мустаҳками дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳамсоягии нек асос ёфтааст, баланд арзёбӣ менамоянд.

Рушди муттасили муносибатҳои байнипарламентии Маҷлиси миллӣ ва Шурои Федератсияро бо қаноатмандӣ зикр менамоям. Боварӣ дорам, ки ҳамкории босамари мо минбаъд низ ба манфиати мардумони кишварҳоямон фаъолона вусъат меёбад.

Ба Шумо, муҳтарам Валентина Ивановна, саломатии бардавом, саодатмандӣ, дар фаъолияти пурмасъулияти давлатиатон муваффақиятҳои минбаъда ва ба мардуми Россия сулҳ, устуворӣ ва шукуфоӣ орзумандам».

www.majmilli.tj

Ҳамчунин дигар маводҳо: