Суғд. 200 комбайни ғалладарав дар саҳро
Дар ҷамъоварии ғалла кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Мастчоҳ, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Спитамен ва Ашт пешсаф буда, аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ситоди махсус таъсис ёфтааст. Ин ситод бо ҷалби олимон, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва деҳқонон барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварии маҳсулот кӯмак мерасонад.
Дар ин бора аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ хоҷагидорони вилоят ҳар рӯз зиёда аз 1000 гектар ғаллазорро дарав карда, пояҳои онро ҳамчун хӯроки чорво барои давраи зимистон захира мекунанд.
То 23-юми июни соли 2025 зиёда аз 21 ҳазор гектар дарав карда шуда, дар саҳро то 200 комбайни ғалладарав фаъолият доранд. Нишондодҳои беҳтарин дар хоҷагиҳои тухмипарварии Чоркӯҳи шаҳри Исфара ва Нурободи ноҳияи Спитамен ба назар мерасанд.
Н. ТУРСУНОВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





