https://sadoimardum.tj

Барқияи табрикӣ ба Раиси Шӯрои Ҷумҳурии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус Кочанова Наталя Ивановна

03 июл 2025, 15:50
0

Муҳтарам Наталя Ивановна

Шуморо бо ҷашни миллӣ – Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Беларус самимона табрик мегӯям.

Боиси хушнудист, ки Ҷумҳурии Беларус дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисодиёт, илм, фарҳанг ва баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст.

Мо ба муносибатҳои дӯстона ва амалие, ки байни кишварҳо ва парламентҳои мо роҳандозӣ гардидаанд, баҳои баланд медиҳем. Итминон дорем, ки рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байнипарламентӣ ба таҳкими равобити анъанавии гарму эътимодбахши Тоҷикистону Беларус мусоидат хоҳад кард.

Ба Шумо, муҳтарам Наталя Ивановна, саломатии бардавом, дар фаъолияти пурмасъулиятатон муваффақият ва ба мардуми дӯсти Беларус сулҳу осоиш, беҳбудӣ ва шукуфоӣ орзумандам.

Бо эҳтиром,

Рустами Эмомалӣ

Ҳамчунин дигар маводҳо: