https://sadoimardum.tj

Аввалин ҷаласаи гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ

03 июл 2025, 16:21
2

Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин ҷаласаи гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ доир гардид.

Ҷаласаро раиси гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ Насрулло Маҳмудзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд. Иброз гардид, ки аз 63 нафар вакилони Маҷлиси намояндагон 7 нафарашон аъзои ягон ҳизби сиёсӣ намебошанд, зеро ин нафарон то вакил интихоб шуданашон дар мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар кору фаъолият намудаанд, ки ин ниҳодҳо ҳизбиятро истисно менамоянд.

Зикр шуд, ки аъзои гурӯҳ дар такмили қонунгузории кишвар саҳми сазовор дошта, дар ин давра 5 лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба як қонуни конститутсионӣ ва 4 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва пешниҳод намудаанд. 

Дар ҷаласа, ҳамчунин, нақшаи фаъолияти гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ дар давраи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум тасдиқ карда шуд.

Ш. АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: