https://sadoimardum.tj

Иштироки вакилон дар иҷлосияи 32-юми солонаи АП САҲА

03 июл 2025, 16:23
15

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода ва Муҷибахон Ҷавҳарӣ дар Иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА таҳти унвони «Таҷлили 50-солагии Санади ниҳоии Ҳелсинкӣ: вокуниш ба воқеияти нав дар доираи САҲА», ки дар шаҳри Портои кишвари Португалия баргузор гардид, иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои тағйирёбии иқлим, биёбоншавӣ, баробарии гендерӣ ва ҳузурии фаъоли ҷавонон дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ, ҳамчунин, масъалаҳои пуртазоди ҳаводиси охири ҷаҳон баррасӣ гардид.

Конфронси мазкур 29 июн оғоз гардида, то 3 июл идома ёфт, ки дар он намояндагони парламентҳо аз 57 кишварҳои узви ин созмон иштирок доштанд.

М. СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: