Конфронси минтақавии СОК СММ доир мегардад
Соли 2026 дар шаҳри Душанбе Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.
Дар ин бора 2 июли соли равон, зимни вохӯрии вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тсю Донгюй иттилоъ дода шуд.
Ҷонибҳо масъалаи ташкили гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Рим, тезонидани раванди пешниҳоди ҳуҷҷати расмӣ доир ба ворид намудани гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ ва воридоти қутосҳои наслдеҳ аз Муғулистон ба Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин, доир ба нақши пешбарандии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар самти ҷалби маблағҳои Фонди иқлими сабз ва дигар фондҳои сармоягузор, тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои мубориза бар зидди малах, ҳифзи гуногунии биологӣ, дастгирии ташаббусҳои Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар мамлакат ва дигар масъалаҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.
Г. РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





