Нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ доир шуд
8-уми июли соли равон дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 – «Солҳои рушди саноат» инчунин, татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат дар самти ба кишвари саноатӣ табдил додани Тоҷикистон нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва намоиши таҷҳизот ва маҳсулоти нассоҷӣ баргузор гардид.
Ҳадафи асосии форум ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди соҳаи нассоҷии мамлакат мебошад.
Дар доираи форуми мазкур намоиш ҷаласаҳои пленарӣ, муҳокимаҳои панелӣ, намоишгоҳи махсуси таҷҳизот, маҳсулоти саноати сабук, инчунин, вохӯриҳои корӣ дар сиғаи В2В ва G2В доир шуда, дар онҳо масъалаҳои муҳими таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи нассоҷӣ матраҳ гардиданд.
Н. МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар бораи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар бо таҳлили рушди иқтисоди миллӣ омода
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
23-юми январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии
Пешвои Наврӯз
Агарчӣ дар гузашта Наврӯзро арҷ мегузоштанд, вале аз ҷониби ҳукуматҳои замон ба он камтаваҷҷуҳӣ ё бештар бетаваҷҷуҳӣ сурат мегирифт. Хушбахтона, дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2023 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2023, № 11, моддаи 456) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: 1.
