https://sadoimardum.tj

Баргузории шашумин ҷаласаи СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист

10 июл 2025, 08:49
1

Дар шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин шашумин ҷаласаи роҳбарони вазорату идораҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) вобаста ба масъалаи ҳифзи муҳити зист  доир шуд.

Дар доираи ҷаласаи мазкур Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок намуда, зимни суханронӣ аҳамияти тақвияти ҳамкориҳои «сабз» дар доираи СҲШ-ро таъкид намуд. 

Инчунин, омодагии устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Ҳадафҳои рушди устувор» ва саҳмгузорӣ дар ташаббусҳои байналмилалии экологӣ, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, таъкид гардид.

 Дар доираи чорабинии мазкур вохӯрии дуҷониба бо вазири экология ва муҳити зисти Ҷумҳурии Мардумии Чин Хуан Жунтсю баргузор шуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо қадамҳои амалӣ оид ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла мубодилаи таҷриба, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва таҳкими ҳамкориҳои институтисоналиро баррасӣ намуданд. 

Н. МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: