https://sadoimardum.tj

Таваҷҷуҳи бештар ба сифати обҳои рӯизаминӣ

10 июл 2025, 10:51
0

Бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти муҳити зисти Финландия (Syke) дар доираи лоиҳаи «Рушди мониторинги обҳои рӯизаминӣ дар Тоҷикистон тавассути идоракунии сифат ва ҳамкорӣ» семинари ҷамъбастӣ баргузор гардид.

Муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Шукурзода зимни чорабинӣ иброз намуд, ки бо мақсади хуб гузаронидани мониторинг ва баҳодиҳии сифати об бо дастгирии шарикони лоиҳа аз ҷиҳати техникӣ кумак расонида шуд.

- Дар давраи амалишавии лоиҳа чанд номгӯй таҷҳизоти зарурии  обченкунӣ, ташхисгузаронӣ, дастгоҳҳои сайёр, реагентҳои химиявӣ барои таҳлили сифати об ва ғайра дастрас гардид. Инчунин, мутахассисон барои такмили ихтисос ба Финландия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон фиристода шуданд,- иброз намуд Исфандиёр Шукурзода.

Директори маркази назорат ва таҳлили Кумитаи ҳифзи муҳити зист Саидисмон Судурзода ҳадафи лоиҳаро баланд бардоштани иқтидор дар соҳаи   идоракунии муҳити зист, мониторинг ва арзёбии сифати обҳои рӯизаминӣ ва ноил шудан ба ҳадафҳои «Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» арзёбӣ кард.

Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим фаъолият доранд, ки мутахассисони онҳо бо аҳолӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Ба сокинони деҳот дар бораи пок нигоҳ доштани манбаъҳои об ва тарзи дурусту бехатари истифодаи обҳои рӯизаминӣ иттилоъ дода мешавад, - мегуяд муовини директори Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим,  номзади   илмҳои тиб Рустам Муҳаммадзода.

Ӯ пешниҳод намуд, ки бо мақсади зудтар ноил гаштан ба ҳадафҳои дар пеш гузошташуда хуб мешуд шурои ҳамоҳангсозӣ таъсис ёбад, то тамоми сохторҳои  марбута дар доираи он табодули иттилоот кунанд.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: