https://sadoimardum.tj

Обтаъминкунӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлобу Восеъ беҳтар мегардад

10 июл 2025, 09:30
0

Бо сармоягузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар шаҳри Кӯлоб лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб» бо маблағи умумии 15 миллион евро амалӣ гардида истодааст. Дар сурати пурра иҷро шудани лоиҳаи мазкур беш аз 20 ҳазор аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб, аз ҷумла сокинони 10 деҳаи навбунёд, бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд. 

Самти асосии лоиҳа таъмир ва навсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ, сохтмон ва барқарорсозии манъбаҳои об, насби ҳисобкунакҳои нав ва беҳтар кардани сифати об мебошад.  

Дар доираи лоиҳа алҳол дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 18 обанбори аз 500 то 6000 ҳазор метри мукааб ғунҷоиш сохта шуда, 10 ҳазору 250 ҳисобкунаки замонавӣ насб гардидааст. Дар сурати пурра ба анҷом расидани лоиҳа сокинони хонаҳои баландошёнаи шаҳри Кӯлоб низ 24 соат бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд. 

Алҳол 65 фоизи корҳои сохтмонӣ дар иншооти обтаъминкунӣ пурра ба анҷом расидааст. 

Ҳамчунин, дар ҳудуди шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Восеъ низ лоиҳаи «Обтаъминкунӣ беҳдошт дар деҳот» бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ татбиқ шуда истодааст, ки маблағи он 19 миллиону 400 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Баъд аз ба анҷом расидани корҳо дар ноҳияи Восеъ 20 ҳазору 800 хоҷагӣ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд. 

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: