Натиҷагирӣ аз конфронси Душанбе дар Брюсел
Дар шаҳри Брюссел бо баргузории як ҳамоиш натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе муҳокима шуд.
Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамоиш моҳияти ташаббусҳои глобалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзуи обу иқлим ва натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро муаррифӣ намуда, «Раванди нав оид ба ҳифзи пиряхҳо» ва пешбурди ин рӯзномаро тавзеҳ дод.
Иштирокчиён аз мақому манзалати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор вобаста ба масоили об ва ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуда, оид ба таҷриба ва бархурди кишвару ниҳодҳои худ бо чолишҳои муҳитизистӣ, пешгирии тағйирёбии иқлим, коҳиши офатҳои табиӣ ва гузариши «сабз» ибрози андеша намуданд.
Н. МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





