https://sadoimardum.tj

Зардолу. Аз боғи «Ваҳдат» то бозори ҷаҳонӣ

№:90 (4986) 21 июл 2025, 17:48
0

Зардолупарварӣ дар вилояти Суғд аз самтҳои асосии соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани самаранокии истифодаи замин, бо кор таъмин намудани аҳолии деҳот ва васеъ гардидани имконияти содиротӣ нақши муҳим дорад.

Айни замон дар вилоят майдони умумии боғҳои зардолу 47 ҳазору 16 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 34 ҳазору 800 гектар ҳосилдеҳ мебошад. Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Айнӣ шаҳру ноҳияҳои асосии зардолупарвари вилояти Суғд ба ҳисоб мераванд.

Имсол ҳосили фаровони зардолу хоҷагидорони Муассисаи давлатии боғи миллии «Ваҳдат»-ро руҳбаланд намудааст. Боғи зардолуи ин муассиса, ки қариб 500 гектарро ташкил медиҳад, ғарқи ҳосил аст.

 Дар ин ҷо қисми асосии ҳосили боғоти зардолу бо усулҳои махсус хушк карда мешавад, зеро меваи хушк барои захира дар фасли зимистон мувофиқ мебошад. Илова бар ин, дар ҳама фасли сол имкони содироту фурӯши он вуҷуд дорад. Қисме аз ҳосили зардолу ҳамарӯза ба бозорҳои вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, инчунин, ба корхонаҳои коркарди мева барои тайёр кардани афшура, нӯшоба ва мураббо интиқол дода мешавад.

Саркишоварзи боғи миллии «Ваҳдат» Юнус Солиев иттилоъ дод, ки дар муассиса 684 гектар боғ мавҷуд аст. Аз ин 486 гектар боғи зардолуст. Ҳамчунин, гелос, себ, олу, шафтолу, чормағз ва бодом парвариш мешавад. Аз 486 гектар боғи зардолу 286 гектар ҳосилдеҳ аст. Як қисми ҳосили боғҳои муассиса навъҳои содиротӣ буда, қисми дигар ба корхонаҳои коркард ва боқимонда барои хушк кардан равона мешавад. 

Тибқи таҳлилҳо, соли 2025 дар вилояти Суғд истеҳсоли беш аз 160 ҳазор тонна зардолу пешбинӣ шудааст. Ба иттилои расмӣ, аз аввали моҳи май ба хориҷи кишвар 5 ҳазору 388 тонна зардолуи тар содир шудааст, ки арзиши он 2 миллиону 600 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. 80 фоизи зардолуи содиршуда маҳсули заҳмати боғдорони ноҳияи Ашт мебошад. Дар марҳилаи аввал хоҷагидорони ноҳия ҳосили беш аз 500 гектар боғоти зардолуи пешпазакро содирот кардаанд.

Дар панҷ моҳи сипаришудаи соли равон аз вилояти Суғд 43 ҳазору 353 тонна меваи хушк низ ба хориҷи кишвар содир шудааст. Ҳамзамон, ҳаҷми содироти афшура, нӯшоба, мураббо ва дигар намудҳои маҳсулоти аз мева омодашаванда афзоиш ёфта, дар айёми ҷамъоварии ҳосил фаъолияти коргоҳу корхонаҳои коркард ва бастубанди мева низ хеле назаррас арзёбӣ мешавад.

Нодир ТУРСУНОВ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: