Шифохонаи табиат
Олуча ва олуболу чӣ манфиат доранд?
Олуча меваи серғизо ва шифобахш буда, онро метавон дар шакли тару тоза, хушкшуда ё ҳамчун шарбату мураббо истифода намуд. Хӯрдани ин мева хобро ба танзим дароварда, фаъолияти организмро муътадил мекунад.
Олуча дарахти мевадорест, ки то 10-15 метр қад мекашад ва ба иқлими Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Молдова, Украина, Беларус, Озарбойҷон, Гурҷистон мутобиқ аст. Дар Тоҷикистон навъҳои ёбоии олуча қариб дар ҳамаи минтақаҳои кӯҳистон мерӯяд.
- Меваи олуча рангҳои сурх, гулобӣ ва ё зард дошта, таъмаш турш аст. Он аввали тобистон пухта мерасад. 100 г меваи пухтарасидаи олуча 89 г об, 7,4 г қанд, 2,4 г кислотаҳои органикӣ, 3 г пектин, 16 мг витамини С ва 188 мг калий дорад. Олуча аз витаминҳои В1, В2, В6, провитамини А, маъданҳои оҳан, магний, калсий, фосфор ва ғайра хеле бой аст, - мегӯяд доктори илмҳои тиб Ҷаҳон Азонов.
Олучаи пухтарасида дорои хусусияти талхарон ва исҳоловар мебошад. Афшура ё шарбати олуча хусусияти даббоғӣ дошта, ба дарди исҳол хеле муфид аст. Ширааш аз сурфаи шадид ва сурфаи сил нафъовар аст. Ғайр аз ин, гиҷарон буда, ташаннуҷро барҳам мезанад, қай ва боди шикамро низ ба эътидол меорад. Бино ба гуфти Ҷаҳон Азонов, дар тибби мардумӣ мева, барг ва гули олучаро истифода менамоянд. Обҷӯши мевааш иштиҳоовар ва исҳоловар буда, онро ҳангоми касалиҳои меъдаву рӯда ва махсусан, қабзи рӯдаҳо тавсия менамоянд. Инчунин, меваи олуча балғамрон, арақовар ва пешоброн аст ва истеъмоли он ҳангоми бемориҳои шуш, гулӯ, сурхной ва гурдаву масона фоиданок аст. Дамкардаи баргу гули олуча низ хосияти дармонӣ дошта, истеъмоли он исҳол меоварад. Дар тибби Тибет олучаро барои табобати касалиҳои дил истифода мебаранд.
Мардуми Озарбойҷон олучаи ёбоиро ҷамъоварӣ намуда, онро дар ғизо, дар шакли тару тоза, хушккарда, мураббо ва консерваҳо истифода мебаранд. Меваҳояш барои тайёр намудани нони қафқозии лаваш истифода мешаванд ва онро лаваши олучагӣ меноманд. Лаваши олучагиро ҳамчун ғизои руҳбахш ва шифоӣ дар хунрезиҳои пилки дандон истифода мекунанд.
Мутахассисон шираи олучаро барои муолиҷаи илтиҳоби ҷигар, маҷрои талха, зиёд шудани шири модар тавсия медиҳанд. Дамхӯрда ва обҷӯшаш барои рафъи сулфа ва бемориҳои гулӯ, дар омехтагӣ бо камфора барои муолиҷаи захмҳо беҳтарин даво аст.
Меваи олуча аз пектин хеле бой аст. Пектинҳо ҳама гуна заҳрҳоро ба худ ҷабида, онҳоро аз бадан хориҷ месозанд. Аз ин рӯ, истеъмоли обҷӯши олуча ҳангоми заҳролудшавии буняи инсон аз заҳрҳои гуногун ва токсинҳо фоиданок аст. Истеъмоли мураббои олучаро бо чой ҳангоми бемадорӣ, давраи сиҳатшавӣ аз бемориҳои вазнин, инчунин, ҳангоми норасоии витаминҳои С ва А тавсия менамоянд.
Олуболуро олучабандак низ мегӯянд. Он рустании бисёрсолаи ғизоӣ буда, дар боғҳо парвариш мешавад. Шакли худрӯи он маълум нест, аммо онро баъзан чун дарахти худрӯй дар канори ҷӯй, дур аз боғҳо дидан мумкин аст.
Олуболу аз донаи мевааш мерӯяд. Аз ин лиҳоз, агар донаи он дар ҷойҳои сернам афтад, метавонад дар ҳамон ҷо сабзида қад кашад. Олуболуро аслан дар Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Чин, Ҷопон, мамлакатҳои соҳили баҳри Миёназамин парвариш мекунанд.
Барои муолиҷа меваҳои расидаашро истифода мебаранд. Дар тибби мардумӣ барг ва навдаҳои сабзи онро низ истифода мекунанд. Хусусияти шифоии олуболу аз қадимулайём маъмул буд ва олимони намоёни он замон онро барои муолиҷаи беморон истифода мебурданд.
Олуболу хусусияти даббоғӣ дошта, меъдаро қавӣ мегардонад. Ширааш илтиҳоби нойҳои шушро шифо бахшида, санги масонаро хурд мекунад. Агар онро бо оби бодиён истеъмол намоянд, исҳолро мебандад. Абуалӣ ибни Сино фармудааст, ки олуболу барои илтиҳоби нойҳои шуш нафъовар буда, сағмаш санги масонаву тангнафасиро шифо мебахшад. Амирдавлат Амасиатсӣ дар китоби «Барои нодонҳо нодаркор» навиштааст: «Намудҳои гуногуни олуболу мавҷуданд ва беҳтаринаш ширину пухтаву калондона мебошад. Агар сағми онро ҳал намуда ба чашм моланд, чашмро тозаву равшан мекунад. Ҷӯшобаи баргаш барои шамолхӯрии роҳи нафас нафъовар аст. Сақичаш барои рафъи сурфа, нафастангӣ, хунтуфкунӣ ва захми шуш шифобахш буда, сангҳои гурдаю пешобро ҳал мекунад. Баргаш зардзахми хушкро мулоим карда фоида мерасонад».
Муҳаммад Ҳусайни Шерозӣ фармудааст, ки олуболу ташнагиро мешиканад, дилбеҳузурӣ ва қайкуниро рафъ мекунад. Исҳолбанд буда, меъдаро низ пурқувват мекунад.
Дар тибби мардумӣ мева ва ширешашро васеъ истифода мебаранд. Афшураи меваашро чун балғамрон ба беморони гирифтори илтиҳоби найчаҳои шуш, хирной (трахея) мефармоянд.
Бино ба гуфти ғизошинос Ҷаҳон Азонов, дар тибби муосир меваи олуболуро чун ғизои парҳезӣ ба беморони камхун ва камқувват ҳамчун ғизои витаминнок мефармоянд.
- Дар таркиби олуболу витамини муҳими барои буня зарур - В2 мавҷуд аст, ки дар ҷараёни пухта расидани он миқдораш дар таркиби мева зиёд шуда, пас аз 10-15 рӯзи дигар боз зиёдтар мешавад. Дар таркиби олуболу маводи дигаре бо номи инозид мавҷуд аст, ки он хобро бароҳат, ангезишҳои асабро ором ва фишори баланди хунро паст мекунад. Таркиби бойи олуболу аз пектинҳо, ғизо ва маводи дигари фаъол бой буда, моҳияти онро ҳамчун ғизои парҳезӣ ва барои муолиҷаи бемориҳои ҳозима, аз ҷумла илтиҳоби камшири меъда, табларза, холесистит ва атеросклероз дучанд мекунад. Дар асри гузашта думчаҳои меваи олуболуро дар шакли обҷӯш ҳамчун пешоброн, зиддиихтилоҷ барои муолиҷаи варамҳои аз бемории дил сарзада, санги гурда истифода мебурданд, - зикр кард номбурда.
Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





