Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ то кишвари транзитӣ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақлиёт яке аз соҳаҳои муҳим маҳсуб меёбад. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ин соҳа рушд ёфта, дар ин давра роҳҳои зиёд бунёд ва таҷдиду навсозӣ гардиданд. Имрӯз дар тамоми фасли сол тавассути роҳҳои тахту ҳамвор ва нақбу пулҳо ба гӯшаву канори мамлакат нақлиёт мунтазам ҳаракат мекунад. 28 декабри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат ба соҳаи роҳу нақлиёт таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ба масъулини дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар ин робита хабарнигорамон бо муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода суҳбат кард.
- Дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид, ки ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои асосӣ аст. Дар ин бобат чӣ корҳо анҷом ёфтанд?
- Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ»-и Вазорати нақлиёт лоиҳаҳои сармоягузории сохтмони марказҳои нақлиётӣ-логистикӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар ва Хуҷанд омода гардида, ба сармоягузорони дохилию хориҷӣ пешниҳод гардиданд. Ҳамчунин, аз ҷониби вазорат «Барномаи давлатии рушди низоми логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» таҳия гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд. Лозим ба ёдоварист, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади таъсиси маркази нақлиётию логистикии байналмилалии «Душанбе» дар заминаи лоиҳаҳои сохтмони маркази нақлиётию логистикӣ бо ҶСП «Тоҷиквнештранс» ҳамкориро ба роҳ мондааст. 26 сентябри соли 2024 дар бинои вазорат бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор вохӯрӣ бо масъулини Комиссияи аврупоӣ тариқи маҷозӣ доир шуд. Зимни он масъалаи бунёди марказҳои логистикӣ, аз ҷумла дар гузаргоҳи Фотеҳобод, мавриди муҳокима қарор гирифт ва намояндагони Комиссияи аврупоӣ ҳавасмандии худро барои сармоягузорӣ иброз намуданд. Айни замон масъалаи мазкур дар марҳилаи ҷалби сармоя қарор дорад.
Қобили зикр аст, ки ташкили боркашонии мултимодалии байналмилалӣ дар масири «Чин-Тоҷикистон-Ӯзбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия» 16-19 январи соли 2023 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷаласаи 33-юми Шурои банақшагирии минтақавии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Ҳамзамон, ҳуҷҷатҳои мазкур дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲИ 24 январи соли 2023 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баррасӣ ва тасдиқ гардиданд. Дар ин замина, 26-27 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ бо иштироки кишварҳои аъзои долон ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҷаласаи дуюми коршиносони сатҳи баланд оид ба истифодаи долони мултимодалии «Чин-Тоҷикистон-Ӯзбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия» доир гардид. Дар рафти ҷаласа кишварҳо доир ба рушди зарфиятҳои транзитӣ, содагардонии расмиёти гумрукии кишварҳои масир ибрози андеша намуда, барои густариши ҳамлу нақли байналмилалии бор ба мувофиқа расиданд.
Бо мақсади истифодаи бандарҳои баҳрии Покистон ва долони иқтисодии «Чин – Покистон», 2 июни соли 2021 дар шаҳри Исломобод Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ба имзо расид. Созишномаи мазкур барои анҷом додани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва роҳ ёфтан ба бандарҳои баҳрии Қарочӣ ва Гвадари Покистон мусоидат менамояд. Дар ин замина, аввали моҳи апрели соли 2024 аввалин корвони нақлиёти боркаш интиқоли борро аз Покистон ба Тоҷикистон анҷом дод. Айни замон ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии кишварҳо амалӣ гардида истодааст.
- Дар соҳаи роҳу нақлиёт татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ чӣ тавр ҷараён дорад?
- Айни замон тавассути вазорат 11 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1 млрд. 140 млн. доллари ИМА татбиқ шуда истодааст. Аз ин 7 лоиҳа ба маблағи 856,7 млн. доллари ИМА дар ҷараёни татбиқшавӣ ва 4 лоиҳаи дигар ба маблағи 283,3 млн. доллари ИМА пурра ба анҷом расиданд. Тавре Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид карданд, соли 2024-ум дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 155 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, 20 пули бузург ва 3 нақб ба маблағи умумии 4,6 миллиард сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, роҳҳои мошингарди «Роғун-Обигарм-Нуробод» ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ ба дарозии 76 километр ва «Бохтар-Левакант-Лолазор-Данғара»-69 километр ба маблағи 800 миллион сомонӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд шуданд. Соли 2024-ум таҷдиду навсозии роҳҳои мошингарди «Данғара-Гулистон»-50 километр ва «Гулистон-Фархор» ба дарозии 33 километр оғоз гардид.
1 ноябри соли 2024 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд барои «Лоиҳаи намоишии «долони сабз» (Данғара-Гулистон) созишномаи грантӣ ба имзо расид. Мақсади лоиҳаи мазкур сохтмон ва навсозии 49,2 км роҳи автомобилгарди Данғара-Гулистон ва васеънамоии он ба 4 хат бо дарбаргирии элементи «роҳи сабз», сохтмони 48,8 км роҳи велосипедронӣ, 2 нуқтаи неругирии электромобилҳо ва ҷудо намудани маблағҳои грантӣ барои соҳибкорзанони минтақаи зерҳадафи лоиҳа мебошад. Барои татбиқи лоиҳа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ мекунад ва аллакай корҳои сохтмонӣ оғоз шудааст.
- Барои ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардондани роҳҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии мамлакат давоми як соли охир кадом корҳо анҷом ёфтанд?
- Дар доираи иҷрои ин вазифаҳо, ҷиҳати лоиҳакашӣ, ҷалби сармоя ва оғоз бахшидан ба таҷдиду навсозии роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалии Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон (235 километр), аз Варшез то гузаргоҳи Кулма-Қарасу (300 километр), Бохтар-Ҷалолиддини Балхӣ-Қубодиён-Шаҳритус-Айвоҷ-сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон (170 километр), Хуҷанд-Конибодом (57 километр), Хуҷанд-Ашт (122 километр) ва Балҷувон - Сари Хосор (58 километр) тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Барои навсозии роҳи автомобилгард аз сарҳади маъмурии ноҳияи Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон аз км 480 то км 715 роҳи автомобилгарди Душанбе-ағбаи Кулма бо дарозии 235 км озмуни интихоби ширкати машваратчӣ барои асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва корҳои лоиҳакашӣ ба анҷом расид.
Ҳамчунин, дар доираи ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти татбиқи лоиҳаҳои роҳу нақлиёт, сохтмони роҳи автомобилгарди Варшез то Кулма (сарҳади Чин) ва сохтмони гузаргоҳи сарҳадии Кулма-Қаросу дар баррасии Тоҷикистону Чин қарор дорад. Дар робита ба навсозии роҳи мошингарди Хуҷанд-Конибодом бо дарозии 57 км асосноккунии теникӣ-иқтисодӣ ва лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Ашт бо дарозии 122 км аз ҷониби КВД «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ» оғоз шудааст. Барои таҷдиду навсозии роҳи автомобилгарди Балҷувон-Сари Хосор (58 км) корҳои асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва лоиҳакашии роҳи мазкур ба анҷом расидааст. Айни замон оид ба маблағгузории лоиҳа корбарӣ бо Бонки осиёии рушд ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон, таҷдид ва навсозии роҳи мошингарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ аз маркази шаҳри Роғун то қисмати даромад ба шаҳр дар доираи лоиҳаи «Ҳамкориҳои иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ, долонҳои 2, 3 ва 5», ки сохтмони роҳи автомобилгарди Обигарм – Нурободро дар 3 қитъа дар бар мегирад, амалӣ гардид.
- Дастури Сарвари давлат ҷиҳати васеъ намудани гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ, ташкили «долонҳои сабз» бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва мувофиқи стандартҳои муосири байналмилалӣ бунёд кардани терминалҳои наздисарҳадӣ чӣ тавр амалӣ мегардад?
- Ҷиҳати васеъ намудани гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти татбиқи лоиҳаҳои роҳу нақлиёт сохтмони роҳи автомобилгарди Варшез-Кулма (сарҳади Чин) ва таҷдиду навсозии гузаргоҳи сарҳадии Кулма-Қаросу дар баррасии ҷониби Чин қарор дорад. Бо мақсади ҳалли масъалаи мазкур корбарӣ идома дорад. Инчунин, аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пайгирии минбаъдаи масъала барои пешниҳоди шартҳои техникии таҷдиду навсозии гузаргоҳи Кулма-Қаросу корбарӣ оғоз гардидааст.
Ҷиҳати такмили стандартҳои экологию иҷтимоии таҳияи лоиҳаҳои бунёду навсозӣ ва истифодаи роҳҳо бо мақсади мутобиқ намудани онҳо ба принсипҳои иқтисоди «сабз», кабудизоркунии шафати роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Яке аз иқдомҳои муҳиме, ки соли 2024 дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» мебошад. Бо амалӣ шудани низоми рақамии назорат имкон фароҳам гардид, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар дурдасттарин минтақаҳо низ назорат карда шавад. Айни замон масъалаи рақамикунонии соҳа роҳандозӣ гардида, зина ба зина тадбирҳо амалӣ мешаванд.
Умуман, рафти иҷрои нақша-чорабиниҳо бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ баёнгардида зери назорати доимии роҳбарияти вазорат қарор дорад.
Мусоҳиб Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





