https://sadoimardum.tj

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Геологҳо аз панелҳои офтобӣ истифода мебаранд

№:93 (4989) 01 авг 2025, 16:00
0

Дар нимсолаи аввали соли равон Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он аз рӯи  30 лоиҳа дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, санг­ҳои худҷило ва ороишӣ, гид­рогеология, геологияи  муҳандисӣ ва геология ба маблағи 7 миллиону 788 ҳазору 421 сомонӣ корҳои омӯзиши геологиро ба роҳ мондааст. 

Тавре сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода 22-юми июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, тибқи лоиҳаи «Корҳои ҷустуҷӯии дақиқ дар зуҳуроти волфраму молибдени «Ангишт» корҳои саҳроии геологӣ, ба  монанди аксбардории топографӣ (миқёси 1:5000), хатсайрҳои кофтуковӣ (миқёси 1:5000), гузоштани хандақҳо дар баландии зиёда аз 3000 метр, тоза кардани хандақҳои пешина, гирифтани маҳакҳои ҷӯякӣ, ташхиси кимиёвии волфрам, ташхиси ҷазби атомӣ ва барқароркунии роҳи автомобилгард иҷро гардиданд.

Инчунин, тибқи лоиҳаи «Ҷустуҷӯи обҳои зеризаминӣ барои бо об таъмин намудани объектҳои тандурустӣ, маориф ва таъминоти иҷтимоии ҷумҳурӣ» дар ҳудуди мамлакат се чоҳ бо жарфи умумии 220 метр парма карда шудааст.

Бояд зикр кард, ки геологҳо асосан дар мавзеъҳое кор мекунанд, ки он ҷо хати доимии барқ мавҷуд нест. Ба саволи хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» оид ба истифодаи таҷҳизоти барқи офтобӣ аз ҷониби геологҳо Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иброз намуд, ки дар зерсох­торҳои саридора бо мақсади тавлиди неруи барқ аз панелҳои офтобӣ истифода мешавад, ки дар қиёс бо генераторҳои дизелӣ камхарҷ ва аз лиҳози экологӣ тозатар аст.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: