https://sadoimardum.tj

Сафари ҳайати парламентӣ ба Женева

№:93 (4989) 01 авг 2025, 16:18
0

28-уми июли соли 2025 ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода барои иштирок дар Конференсияи 6-уми умумиҷаҳонии раисони парламентҳо ба шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария сафар намуд.

30-юми июли соли 2025 дар Конференсияи 6-уми умумиҷаҳонии раисони парламентҳо дар шаҳри Женева Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода зимни суханронӣ аз ҷумла, иброз дошт, ки имрӯз Иттиҳоди байнипарламентӣ яке аз механизмҳои самарабахши ҳалли проблемаҳои глобалӣ ва пешбурди ташаббусҳои сулҳҷӯёнаи тамоми сайёра гаштааст. Ба шарофати ин иттиҳод ба сулҳу субот ва осоиш ноил шудан, муносибатҳои гуногунҷанбаро баҳри сулҳу осоиш, адолату шукуфоии ҳамаи халқҳо таъмин кардан мумкин аст.

Таъкид гардид, ки мо вакилон - намояндагони халқҳои гуногун дар ин ҷаҳони ноором бояд эҳсос намоем, ки қарорҳои қабулнамудаи мо ба тақдири миллионҳо одам чӣ гуна таъсир мерасонанд. Мо дар ин ҷо на танҳо барои ҳалли мушкилоти глобалӣ ҷамъ омадаем, балки барои пешгирии буҳронҳо ва бори дигар содиқ будани худ ба принсипҳои бунёдии аз ҷониби умум эътирофшудаи байналмилалӣ, ки бояд дар фаъолиятҳои минбаъдаи мо раҳнамоӣ кунанд, талош варзем.

- Аз соли 2000 инҷониб, конференсияи раисони парламентҳо ба минбари пешбурди ғояҳо ва ҷанбаҳои нави ҳамкориҳои байнипарламентӣ, инчунин, ба роҳ мондани робитаҳо ва ҳамкориҳои созанда табдил ёфт, ки мо имкон дорем на танҳо нақши дип­ломатияи парламентиро тақвият бахшем, балки миқёси ҳамкориҳоямонро рушду тавсеа диҳем, - афзуд Файзалӣ Идизода.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар ин рӯз, ҳамчунин, дар иҷлосияи сатҳи баланд дар мавзуи «Риояи Оинномаи СММ ва ҳуқуқи байналмилалӣ бо мақсади таъмини сулҳ ва амнияти байналмилалӣ» суханронӣ намуд.

Зимни суханронӣ Файзалӣ Идизода иброз дошт, ки ҳаштод сол пеш, баъд аз итмоми Ҷанги дуюми ҷаҳон, Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида, созмони нави байналмилалӣ дар арсаи сиёсии ҷаҳон таъсис ёфт, ки имрӯз 193 давлати дунёро муттаҳид менамояд. Бо мақсади таъмини суботи байналмилалӣ дар сохтори Созмони Милали Муттаҳид мақоми масъул – Шурои амният таъсис дода шуд, ки тӯли 80 сол аст фаъолият дорад. 

Файзалӣ Идизода зикр кард, ки гарчанде, дар маҷмуъ, Созмони Милали Муттаҳид барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар сатҳи ҷаҳон фаъолияти густурдаро ба роҳ монда бошад ҳам, тайи ду даҳсолаи охир масъалаи таъмини сулҳу амнияти байналмилалӣ ба мушкилоти ҷиддӣ дучор гардидааст.

Низоъҳои мусаллаҳонаи ҷаҳони муосир ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанг таъсири манфӣ расонда, боиси поймолшавии бесобиқаи ҳуқуқи инсон мегарданд. 

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон моҳи марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани мақсад ва принсипҳои он дар самти қонунгузорӣ пайваста чораҳои муассирро роҳандозӣ менамояд. «Дар ин робита, Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ намуда, бо эҳтиром ба соҳиб­ихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳон муносибатҳои хориҷии худро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ пеш мебарад. Тоҷикистон тайи давраи сипаришуда дар Созмони Милали Муттаҳид силсилаи қатъномаҳоро оид ба масъалаҳои мубрами обу иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо, пешниҳод кард, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд.

Ҳамчунин, ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба мубориза бо хавфу хатарҳои замони муосир, бахусус терроризму ифротгароӣ, дар арсаи байналмилалӣ дастгирӣ ёфта, дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои махсуси он амалӣ мегарданд.

Ба ин манзур, баҳри таъмини сулҳу амнияти байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон 22 сентябри соли 2024 зимни баромад дар ҷаласаи Ассамблеяи генералии СММ аз кишварҳои ҷаҳон даъват намуданд, ки қатъномаи махсуси СММ дар бораи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои ­наслҳои оянда» қабул карда шавад», - изҳор дошт Файзалӣ Идизода. 

 Файзалӣ Идизода дар интиҳои суханронӣ бо мақсади риояи меъёрҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва таъмини сулҳу амнияти байналмилалӣ як зумра пешниҳодҳоро манзур намуд.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН, 

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ

Ҳамчунин дигар маводҳо: