https://sadoimardum.tj

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Норак ба 1 млрд.116 млн. расид

13 авг 2025, 09:55
0

Мирзозода Иброҳим, раиси шаҳри Норак 29-уми июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ  гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Норак ба 1 миллиарду 116 миллион сомонӣ расид.

Ҳамчунин, изҳор гардид, ки дар солҳои 2025-2026 дар шаҳри Норак сохтмони 8 корхонаи истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст. Васли марҳилаи 3-юми коргоҳи истеҳсоли таҷҳизоти металлӣ дар корхонаи ҶСК «Тоҷикгидромонтаж», бунёди коргоҳи истеҳсоли шарбати анор, фермаи парандапарварӣ дар хоҷагии деҳқонии «Шаҳриёр», корхонаи кордкарди сехи макаронбарорӣ, ҶДММ «Норак Текстайл» ва корхонаи  истеҳсоли оби нӯшокӣ аз ҳамин ҷумлаанд. 

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Норак бунёду навсозии 197 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки то моҳи июли соли ҷорӣ 133 иншоот ё 67,5 фоизи он мавриди истифода қарор дода шуданд, - афзуд И. Мирзозода. 

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: