https://sadoimardum.tj

Боздиди сайёҳон аз мавзеъҳои таърихию бостонии Варзоб

13 авг 2025, 10:09
0

Зимни нишасти матбуотӣ 4 августи соли 2025 раиси ноҳияи Варзоб Хусрав Дамонзода зикр кард, ки имрӯзҳо дар 6 муассисаи таълимӣ корҳои сохтмонӣ бомаром ҷараён дошта, ду муассисаи таълимӣ аз ҳисоби маблағгузории буҷети маҳаллӣ, як муассисаи таълимӣ аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва се муассисаи дигари таълимӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва сокинон бунёд гардида истодааст. Баъди ба истифода додани мактабҳои наву замонавӣ мушкилоти нарасидани ҷойи нишаст дар соҳаи маорифи ноҳия бартараф хоҳад шуд.

Дар ноҳияи Варзоб 25 ёдгориҳои таърихӣ мавҷуд буда, аз он 17 ёдгориҳои бостонӣ, 8 ёдгориҳои меъмории дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мебошад, ки рӯйхати онҳо дар таҳияи феҳристи давлатии ёдгориҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд. Фаъолияти 110 минтақаи истҳироҳатии оммавӣ мавсими буда,  фаъолияти минтақаҳои истироҳатии «Кохи Малика», «Варзоб-Палас», «Гулобод», «Гули майда» ва Комплекси лижаронии «Сафеддара» доимӣ мебошанд, ки барои қабули сайёҳон шароитҳои хуб фароҳам оварда шудааст. Дар нимсолаи аввали соли 2025-ум 34 ҳазору 80 нафар сайёҳи дохилию хориҷӣ минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеҳои тарихии ноҳияи Варзобро дидан намуданд.

- Сокинони ноҳияи Варзоб ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 158 иншоотро ба нақша гирифтаанд, ки то имрӯз 103 иншооти ҷашнӣ   мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, - афзуд Х. Дамонзода.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: