АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
Истифодабарандагони кортҳои пардохтӣ афзудааст
- Дар нимсолаи аввали соли 2025 ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар минтақаи Кӯлоб 979,9 миллион сомонӣ қарз доданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 173,9 сомонӣ зиёд аст, - иттилоъ дод 28-уми июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Алиаҳмад Юсуфзода.
Гуфта шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 28 филиали бонкӣ, 10 филиали ташкилоти қарзии хурд, 5 фонди қарзии хурд ва 189 маркази хизматрасонии ташкилоти қарзии молиявӣ фаъолият менамоянд.
Теъдоди мизоҷони дар ташкилотҳои қарзии молиявии минтақаи Кӯлоб тавассути кортҳои пардохти бонкӣ хизматрасонишаванда ба 594 ҳазору 309 нафар расидааст, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 90 ҳазору 464 нафар ё 17,9 фоиз зиёд аст.
Хизматрасонӣ ба дорандагони кортҳои пардохтӣ тавассути 262 банкомат ва 348 постерминал амалӣ мегардад.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





