АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
Иҷрои нақшаи андоз ба 113,7% расид
- Дар нимсолаи якуми соли 2025 иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 113,7 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 11 млрд. 187,4 млн. сомонӣ, ба буҷети давлатӣ 12 миллиарду 715,7 млн. сомонӣ ворид карда шуд.
Ба ҳолати 1 июни соли 2025 бақияи қарзи андозҳо дар миқёси ҷумҳурӣ, дар маҷмуъ, 975,8 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба аввали соли гузашта ба маблағи 235,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад, - иттилоъ дод раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода.
Н. Давлатзода афзуд, ки дар нимсолаи якуми соли равон, дар маҷмуъ, 14,8 ҳазор ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои андозӣ, асосан, вобаста ба масъалаҳои бе қайд дар мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудан, риоя накардани муҳлати пешниҳоди эъломияҳои андозӣ, риоя накардани тартиби истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ - хазинавӣ, кам нишон додани маблағи андоз ва дигар қонунвайронкуниҳо ошкор ва шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, аз ин ҳисоб ба буҷети ҷумҳуриявӣ зиёда аз 291,0 миллион сомонӣ ворид шудааст.
Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





