АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
Пардохти ғайринақдӣ 51 фоиз афзоиш ёфт
Дар нимсолаи якуми соли 2025 сатҳи таваррум 1,8 фоизро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,1 банди фоизӣ кам мебошад. Нишондиҳандаи мазкур, асосан, аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ (2,9 фоиз) ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ (3,4 фоиз) ба амал омадааст. Дар ин бора раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода якуми август зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Бино ба гуфти ӯ, дар давраи ҳисоботӣ Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати қурбиро дар реҷаи «шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб» идома додааст. Қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба андозаи 9,4 фоиз устувор гардид.
Номбурда, ҳамчунин, зикр кард, ки то 30 июни соли 2025 миқдори умумии кортҳои пардохтии бонкӣ 9,1 млн. ададро ташкил дода, дар ҳамин давра шумораи умумии ҳамёнҳои электронӣ ба 15,7 млн. баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба андозаи 50,8 фоиз (5,3 млн. адад) афзоиш ёфтааст.
Барои анҷом додани пардохтҳои ғайринақдӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ 12 369 терминали электронӣ насб гардидааст, ки аз шумораи умумии терминалҳо 5 659 адад махсус барои қабули пардохтҳои ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ истифода мешаванд.
- Дар моҳҳои январ-июни соли 2025 бо истифода аз воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтии бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) 56,3 млн. амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи 19,4 млрд. сомонӣ гузаронида шуд, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аз рӯи ҳаҷми амалиёт 51 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар нимсолаи якум таносуби ҳаҷми амалиётҳои гирифтани пули нақд ва пардохтҳои ғайринақдии молу хизматрасонӣ бо истифода аз воситаҳои электронии пардохтӣ бошад, 71,8 фоиз ба 28,2 фоизро ташкил дода, ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 банди фоизӣ зиёд гардидааст, - зикр кард Фирдавс Толибзода.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





