Банаворгирии «Ҷомӣ ва Навоӣ» оғоз шуд
Сабти филми таърихии муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» оғоз шуд. Маросими оғози банаворгирии филм дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо ҳузури муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Дилрабо Мансурӣ, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва ҳунармандону коршиносони ду кишвар доир гашт.
Дилрабо Мансурӣ ба ҳайати эҷодӣ барору комёбӣ хоста, таҳияи филми мазкурро ташаббуси президентҳои ду кишвар арзёбӣ намуд ва иброз дошт, ки ин филми таърихӣ робитаҳои дӯстии ду миллатро боз ҳам қавитар хоҳад кард.
- Барои омода намудани филми мазкур мутахассисони тоҷику ӯзбек беш аз се сол заҳмат кашиданд. Дар ин муддат борҳо вохӯрию гуфтушунид доир гашт. Баҳсҳо ҳам кам набуданд, - гуфт Маҳмадсаид Шоҳиён, директори МД «Тоҷикфилм».
Барои ҳунарнамоӣ дар филм ва наворгирии он 40 ҳунарманд ва мутахассисони соҳаи кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон қарор доранд.
Нақши Абдураҳмони Ҷомиро дар филм Маҳмадсаид Шоҳиён ва нақши Алишери Навоиро ҳунарманди ӯзбек Илҳом Бердиев меофаранд. Коргардонии филмро ду мутахассиси ботаҷриба - Файзулло Файзов аз Тоҷикистон ва Дилмурод Масаидов аз Ӯзбекистон ба зимма доранд.
Ёдовар мешавем, ки ҳангоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10-11 июни соли 2021 анҷом дода шуд, сарони давлатҳо барои банаворгирии филми мазкур ба мувофиқа расиданд.
Рӯи навор овардани филми таърихӣ кори саҳл нест. Аз коргардон, филмноманависону ҳунармандон заҳмат, ҷустуҷӯю мутолиаи зиёд талаб мекунад. Илова бар ин, зарур аст фазои он замон ба вуҷуд оварда шавад, то тамошогар он фазоро эҳсос карда тавонад. Масъулон то имрӯз 1500 нусха китоб,1650 лавозимоти гуногуни таърихии ба филм рабтдоштаро ҷамъоварӣ намудаанд. Барои қаҳрамонҳои филм 750 либос, аз ҷумла 400 ҷомаи гуногун, 300 тоқӣ ва 350 пойафзол, омода гардидааст.
Ғояи асосии филми ҳунарии «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ», пеш аз ҳама, нишон додани муҳаббату дӯстии ду миллат дар мисоли Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ мебошад. Муаллифони филмнома, ҳунармандону коргардонҳои филм то куҷо ба ин ҳадаф мерасанд, вақт нишон хоҳад дод.
Дар назар аст, ки филми мазкур дар арафаи Ҷашни Наврӯзи байналмилалии соли 2026 бо забони тоҷикӣ манзури тамошобинон гардад.
Ф. ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





