https://sadoimardum.tj

Тақвияти дӯстии Тоҷикистону Чин

№:95 (4991), 13 авг 2025, 17:17
0

Ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстона яке аз шартҳои аввалин дар миёни кишварҳои ҳаммарзу ҳамсоя мебошад. 

Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушода ва дӯстонаро на танҳо бо ҳама кишварҳои ҳамсарҳаду ҳамсоя, балки бо тамоми давлатҳои дунё ба роҳ мондааст, ки самара ва натиҷаҳои нек медиҳад.

Яке аз ин гуна ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, ки дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи намоён дорад. 

4-уми январи соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барқарор шуда буданд. Таърих гувоҳ аст, ки давлати Чин тавассути Роҳи бузурги абрешим, ки Аврупоро бо роҳҳои корвонгузар ба Осиё мепайваст, ба Тоҷикистони имрӯза робитаи қавии тиҷоратӣ дошт.

Тайи 34 соли Истиқлоли давлатӣ дӯстии қавии дуҷониба, шарикии стратегӣ, бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамсоягии нек, эътимод ва эҳтиром байни ду кишвар ба роҳ монда шуд, ки ба нафъи ҳарду кишвар ва мардумонашон мебошад. Ҳамчунон, ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби эъмори муштараки «Як камарбанд - як роҳ» низ барои ин ду кишвар судманд арзёбӣ шудааст.

Маҷаллаи «Пайванди қитъаҳо» ягона нашрияи тоҷикӣ дар дохили Чин буда, барои қавитар шудани риштаҳои дӯстии ду мамлакат гузоришҳои ҷолиб таҳия менамояд.

Аз ҷиҳати иқтисодӣ Ҷумҳурии Мардумии Чин калонтарин сармоя­гузор дар иқтисоди Тоҷикистон ба шумор рафта, робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Чин дар сатҳи зарурӣ рушд дорад ва дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон саҳми Чин ҳудуди зиёда аз 20 фоизро ташкил медиҳад.

Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони боэътимоди Тоҷикис­тон барои расидан ба ҳадафҳои коммуникатсионӣ ва истиқлолияти энергетикӣ низ буда, дар ин замина, дар асоси робитаҳои дуҷонибаи мутақобилан судманди тарафҳо даҳҳо лоиҳаҳои вобаста ба роҳу нақлиёт ва энергетика татбиқ карда шудаанд. Бунёди роҳи автомобилгарди Душанбе - Қошғар нишона аз рушди муносибатҳои дуҷониба дар фазои ҳамгироии нақлиётии минтақа гардид. Роҳи мазкур барои Чин ва Тоҷикистон аҳамияти бузурги иқтисодӣ дошта, Чинро бо Эрону Афғонистон ва Тоҷикистонро бо Чину Покистон ва Ҳиндустон пайваст мекунад. 

Ғайр аз ин, Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои чинӣ корхонаҳои коркард ва истихроҷи ангиштсанг, оҳан, сурма, фосфор ва фулузоти нодирро ба роҳ мондааст.

Дар умум, ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ амал мекунад.

Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки созмони байнидавлатӣ, доимоамалкунанда дар соҳаи иқтисод, амният ва фарҳанг мебошад, 26-уми апрели соли 1996 байни Чин, Тоҷикистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Қазоқистон таъсис дода шуда, дар бехатарии давлатӣ, робитаҳои иқтисодӣ, савдо, энергетика, фарҳангӣ, самти технологияи муосир ва ғайра ин кишварҳоро муттаҳид кардааст. 

Муносибатҳои байнипарламентӣ низ дар миёни ин ду давлат хуб ба роҳ монда шуда, шаҳодати таваҷҷуҳ ва боз ҳам қавитар шудани робитаҳо миёни ду кишвар мебошад.

Чанде пеш вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати омӯзишӣ, ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гашт, иштирок намуданд. Дар ин машварати омӯзишӣ, ҳамчунин, намояндагони парлумонҳои Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Беларус ва Покистон иштирок доштанд.

Ташкили механизми муошират байни мақомоти қонунгузор, табодули таҷриба дар идоракунии давлатӣ ва вусъат додани ҳамкории мутақобилан судманд дар бахшҳои савдо, иқтисод ва мусоидат ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид аз мавзуъҳои асосии машварати омӯзишӣ буданд.

Дар машварати мазкур вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наима Солиҳзода, Неъматулло Иброҳимзода, Фирӯз Ҳақназарзода ва Фарзона Хоҷазода иштирок намуданд.

Дӯстӣ, таҳкими сулҳу субот миёни ду кишвар ба шукуфоии тамоми Осиёи Марказӣ низ мусоидат намуда, ояндаи дурахшонро барои наслҳои баъдӣ ба мерос мегузорад.

Ногуфта намонад, ки ҳамаи ин муносибатҳои некбинона, хайрхоҳона ва робитаҳои дӯстию ҳамсоягии кишвари мо маҳз ба сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии зич дорад ва мо барои фардои дурахшони Тоҷикистон бояд ҳамеша ба Пешвои худ пайравӣ намоем.

Фирӯз ҲАҚНАЗАРЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: