https://sadoimardum.tj

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Дар Турсунзода 96 номгӯи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешавад

№:96 (4992), 18 авг 2025, 17:14
0

Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ дар шаҳри Турсунзода ҳаҷми истеҳсоли мол, кор ва хизматрасонӣ 3 миллиарду 44,4 миллион сомониро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 миллиарду 11,8 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2024-ум 181,8 миллион сомонӣ зиёд аст. Ин матлабро 4 августи соли 2025 зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода баён намуд.

Тибқи иттилои ӯ, дар корхонаҳои саноатии шаҳри Турсунзода 96 номгӯи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол ва дар давраи ҳисоботӣ ба маб­лағи як миллиарду 331,6 миллион сомонӣ маҳсулот содирот шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли пеш 332,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар нимсолаи аввали соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи умумии 687 миллиону 319 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд. Аз ҷумла, 26 ҳазору 961 тонна маҳсулоти ғалладонагӣ, 4706 - картошка, 67 ҳазору 783 - сабзавот, 516 - зағер, 2029 - маҳсулоти полезӣ, 2174 - меваҷот, 461 - ангур, 11- асал, 3,6 - пилла, 9138 - шир ва 1445 тонна гӯшт, инчунин, 1 миллиону 335 ҳазор дона тухм ва дигар намуди маҳсулотро ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар бароварданд. 

Дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази шаҳр ва шаҳраку деҳоти он аз бунёду барқарорсозии 459 иншооти нақшавӣ 323 иншоот ба маблағи 357,7 миллион сомонӣ сохта мавриди истифода қарор гирифтааст.

М. ЗОКИР,  

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: