https://sadoimardum.tj

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суди Олӣ 73792 парванда баррасӣ кардааст

№:96 (4992), 18 авг 2025, 17:18
0

Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзозода зимни нишасти матбуотӣ 7 августи соли ҷорӣ иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввали соли 2025 аз ҷониби судҳо дар марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ, дар маҷмуъ, 73792 парвандаи маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ, пешниҳоди муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрочиёни Хадамоти иҷро баррасӣ шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 20511 адад кам мебошад. 

- Дар самти амалисозии талаботи қонунҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» корҳои зиёд амалӣ гардида, нисбати 5672 шахс ҷарима ба маблағи умумии 4 миллиону 222 ҳазору 771 сомонӣ таъин карда шудааст, ки 2981 адади ин категорияи парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардидааст. Вобаста ба риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 630 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  нисбати 630 шахс баррасӣ шуда, ба 615 нафар ба маблағи умумии 5 миллиону 155 ҳазору 996 сомонӣ ҷарима татбиқ карда шудааст, - гуфт ӯ.

Тибқи иттилои номбурда, дар ин давра судҳо аз ҳисоби боҷи давлатӣ, ҷарима, мусодираи молу мулк, зарари ба давлат расонидашуда ба фоидаи давлат 108 миллиону 883 ҳазору 376 сомонӣ рӯёниданд, ки нисбати ҳамин давраи соли пешин 36 миллиону 819 ҳазору 410 сомонӣ зиёд мебошад.

Муҳаммад ЗОКИР, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: