https://sadoimardum.tj

Истиқлоли давлатӣ ва нуфузи рӯзафзуни Тоҷикистон дар ҷаҳон

№:106 (5002), 12 сен 2025, 17:45
0

Таҷрибаи давлатдорӣ дар кишварҳои гуногуни дунё собит сохтааст, ки сиёсати хориҷӣ, дар умум, аз фаъолияти давлат ва дигар ниҳодҳои сиёсӣ барои амалӣ намудани манфиатҳо, ҳадафҳо ва ниёзҳои худ дар арсаи байналмилалӣ ташаккул меёбад. Албатта, сиёсати хориҷии ҳар як давлати мутамаддин, пеш аз ҳама, бар пояи манфиатҳои миллӣ сурат мегирад. Манфиатҳои асосии миллии дилхоҳ давлат инҳоянд: таъмини амният, ҳифзи дахлнопазирии сарҳад, тиҷорати манфиатовари хориҷӣ, иштироки фаъолона дар корҳои байналмилалӣ, обрӯ ва нуфуз доштан дар ҷомеаи ҷаҳонӣ. 

Эътироф шудааст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосгузори дипломатия ва сиёсати хориҷии Тоҷикис­тони соҳибистиқлол мебошанд. Пешвои миллат дар даврони Истиқлоли давлатӣ равобити афзалият­нокро бо кулли кишварҳои ҷаҳон барқарор намуда, барои тавсеаи равобити мутақобилан судманд бо онҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунанд. 

28 декабри соли 1993 дар Иҷлосияи XVIII Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муқаррароти консептуалии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баён карданд. Дар он сиёсати муосири хориҷии давлат бо муайян кардани вазифаҳои асосӣ ва таҳияи механизмҳои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда таъкид карда мешавад. Нуктаҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсияи кишвар, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 қабул гардид, ифода ёфтаанд.

Агар ба таърихи пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар даҳсолаҳои пешин назар афканем, маълум мегардад, ки давлати мо таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати муваффақи хориҷиро амалӣ менамояд ва манфиатҳои миллии тоҷиконро дар ҷаҳон маҳфуз медорад. Роҳбари Олии кишвари мо дар давраи эъмори давлати миллӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон карданд, ки мо ҷонибдори сиёсати бисёрсамта ва сулҳпарваронаи хориҷӣ мебошем ва бо ҳама кишварҳои дунё барои ҳамкорӣ омода ҳастем. Бо таъмини сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушду тавсеа бахшидан ба робитаҳои берунӣ сиёсати бисёрсамтаро, ки онро сиёсати «дарҳои боз» низ мегӯянд, пеш гирифта, ҷуғрофия ва самтҳои ҳамкориро хеле вусъат доданд. Ба шарофати чунин сиёсати санҷидашуда ва мутавозин Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дӯстони анъанавии худ теъдоди зиёди кишварҳо ва созмонҳои байналмилалию минтақавиро ба мадори ҳамкориҳои худ ворид намуд, ки барои мустаҳкам кардани мавқеи ҷумҳурӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии он хизмати бузургеро ба ҷо меорад.

 Чунин шакл гирифтани сиёсати давлатӣ ба кишвари мо имкон дод, ки давоми 34 соли сипаригашта бо беш аз 190 давлати ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ ва бо 60 ташкилоти байналмилалӣ равобити судманд ба роҳ монда шавад. Имрӯз Тоҷикистон ба субъекти соҳибихтиёри муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфта, узви Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ аст, ки ин нишони ҳамгироии кишвар ба низоми муносибатҳои байналмилалии ҷаҳон мебошад. 

Мақсади асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими истиқлол ва соҳибихтиёрии давлат, мустаҳкам намудани мавқеъ ва нақши кишвар дар арсаи байналмилалӣ, ба вуҷуд овардани камарбанди амнияту субот дар саросари кишвар, пешбурди фаъолонаи манфиатҳои хориҷии иқтисодии ҷумҳурӣ мебошад. Тоҷикистон таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарафдори ҳалли ҳама ихтилофот ва низоъҳои ҷаҳон танҳо бо роҳи осоиштаи сиёсӣ – музокирот мебошад. 

Дар даврони Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон иштироки фаъоли худро дар кори Созмони Милали Муттаҳид идома дода, онро ягона созмони универсалӣ эътироф менамояд, ки барои ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ, инчунин, мусоидат ба рушди устувори давлатҳо дар шароити равандҳои босуръати ҷаҳонишавӣ масъул аст. 

Тоҷикистон аз минбари СММ як қатор ташаббусҳои дигари байналмилалӣ ба миён гузошт, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтанд. Ин рӯйдодҳо як ҷузъи муҳими сиёсати муваффақи хориҷӣ ва дипломатияи тоҷик мебошад.

Дар маҷмуъ, Тоҷикистон дар 34 соли сипаригаштаи даврони Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ собит сохт, ки кишвари мо ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ дар ҳалли масоили глобалӣ, пешбурди сиёсати мустақили хориҷӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ собитқадам аст. Минбаъд низ кишвари мо дар ҳамбастагӣ бо кишварҳои ҷаҳон кӯшиш ба харҷ медиҳад, то инсоният ба Ҳадафҳои рушди устувор расад ва дар ҷаҳон сулҳу субот пойдор бошад.

Рустам ҲАЙДАРЗОДА,

директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,

доктори илмҳои фалсафа

Ҳамчунин дигар маводҳо: