Рақамикунонӣ – тадбире, ки таъхир намехоҳад
Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи олам нишон медиҳад, ки дар шароити рушди технологияи рақамӣ мо метавонем дар беҳбуд бахшидани соҳаҳои дигари ҳаёти ҷамъиятӣ аз имкониятҳои он самарабахш истифода барем. Бахусус, пайдоиши мафҳумҳои наве, амсоли «ҳукумати электронӣ» ва «иқтисоди рақамӣ», аз истифода шудани имкониятҳои технологияҳои муосир дар рушд ва пешравии соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар дарак медиҳад. Дар ҷаҳони муосир истифодаи технологияи муосир имкон медиҳад, ки ба истиснои маълумоти комилан махфӣ иттилооти дигар аз як макон ба чаҳор гӯшаи олам барқосо расонда шавад. Ин амал ба шарофати дар арсаи хизматрасонӣ мақоми калидӣ касб намудани технологияи рақамӣ имконпазир шуда истодааст.
Дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо низ Ҳукумати кишвар бо роҳбариву ташаббусҳои оқилонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии рушди мамлакат ба масъалаи рақамикунонии иқтисодиёт диққати аввалиндараҷа дода, ҷорисозии ҳамаҷонибаи технологияҳои рақамӣ заминаи асосии таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва рақобатнокии кишвар арзёбӣ мегардад. Дар робита ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 иброз доштанд: «Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст».
Ҳамзамон, ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд. Иқдоми мазкур оқилона буда, дар самти ташаккули рақамии соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ва рушди инноватсия нақши муассир дорад.
Бо шарофати чунин тадбирандешиҳои дурбинона, ки тақозои замони муосир мебошад, имрӯз рақамикунонӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба роҳ монда шуда, он ба таъмини ҳамкории мутақобилаи ҳокимияти давлатӣ ва аҳолӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолияти соҳибкорӣ, давлат ва бахши хусусӣ, инчунин, ба баландбардории самаранокӣ ва шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ мусоидат менамояд.
Муваффақият ва дастовардҳои дилхоҳ дар ин замина вақте ба даст меояд, ки мо таваҷҷуҳи махсус ба баланд бардоштани маърифати рақамикунонии иқтисодиёт равона намуда, ҷиҳати омода кардани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи технологияҳои рақамӣ талош намоем, бо ин васила амнияти киберӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ барои пешбурди низоми хизматрасониҳоро таъмин карда тавонем.
Гузариш ба иқтисоди рақамӣ натанҳо ба шаффофият ва самаранокии хизматрасониҳо мусоидат мекунад, балки имконияти идоракунии самарабахшро низ фароҳам месозад. Ба ин васила, Тоҷикистон метавонад аз таҳаввулоти технологӣ истифода намуда, рақобатпазирии иқтисодиро дар сатҳи байналмилалӣ афзоиш диҳад. Тавре Пешвои миллат таъкид намудаанд, рақамикунонии иқтисоди миллӣ яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатии Тоҷикистон аст, ки татбиқи он ба шаффофият, самаранокӣ ва рақобатпазирии иқтисоди кишвар мусоидат мекунад.
Дарвоқеъ, гузариш ба иқтисоди рақамӣ метавонад Тоҷикистонро ба сатҳи нави рушд барорад ва шароитҳои беҳтарро барои давлат, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ фароҳам созад. Ҳамзамон, рақамикунонӣ дар баробари омили пешрафти иқтисодӣ, инчунин, заминаи устувори беҳтар гардидани сифати зиндагии мардум хоҳад гашт.
Иқтисоди рақамӣ дар асоси рушди технологияи иттилоотӣ, тиҷорати электронӣ ва бизнеси рақамӣ пеш меравад. Яъне, он чунин намуди иқтисодиёте мебошад, ки истеҳсоли мол, хизматрасонӣ ё дигар фаъолияти иқтисодӣ ба таври рақамӣ амалӣ карда мешавад. Рушди иқтисоди рақамӣ ба рушди тамоми иқтисодиёт мусоидат менамояд.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи рушд қарор дорад ва тавре ки мебинем, дар давлатҳои тараққикарда маҳз ба сармояи инсонӣ такя мекунанд. Тибқи дурнамои барномаҳои иқтисодӣ, пеш аз ҳама, «Стратегияи миллии рушд то соли 2030» Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба модели нави иқтисодӣ қадам гузорад ва асоси ин модел рушди сармояи инсонӣ мебошад.
Такя ба донишҳои нав ва азхуд кардани технологияи муосир, рушд додани хизматрасонии интернетӣ барои рушди минбаъдаи фаъолияти иқтисодии кишвар баҳри баланд бардоштани сифати хизматрасонии интернетӣ ва сифати зиндагии аҳолӣ заминаи устувор мегузорад. Барои амалӣ гаштани чунин ҳадафҳои муҳиму зарурӣ муассисаҳои таълимӣ ва таҳиягарони барномаҳои таълимии касбӣ дар омода кардани мутахассисон барои рушди иқтисоди рақамӣ бояд беш аз ҳар вақти дигар талош намоянд. Таълим бояд раванди муттасил бошад, зеро технология пайваста инкишоф ёфта, воситаву усулҳои нав пайдо мешаванд. Одамон бояд зуд ба тағйирот мутобиқ шуда, маҳорату малакаҳои навро дар истифодаи технологияи муосир азхуд кунанд.
Яке аз омилҳои таъсиррасон дар ин замина ташкили курсҳо мебошад, ки дар барномасозӣ ва таҳлили маркази коркарди маълумот ба мутахассисони ҷавон ҷиҳати рақобатпазир будан дар бозори меҳнат ёрӣ мерасонад.
Ҳамчунин, рушди тафаккури интиқодӣ ва малакаҳои коркарди иттилоот барои истифодаи самараноки технологияҳои рақамӣ муҳим аст. Қонуну қоидаҳо бояд ба рушди иқтисоди рақамӣ мусоидат намуда, ҳуқуқҳои корбаронро ҳифз кунанд ва амнияти маълумотро таъмин созанд. Танзим бояд мувофиқу мутобиқ бошад, то ба технологияҳои босуръат рушдёбанда ва тағйирот дар ҷомеа ҳамрадиф шавад. Зеҳни сунъӣ имрӯз дар тамоми соҳаҳо истифода мешавад. Дар соҳаи маориф технологияҳои хотиравӣ ба эҷоди дарсҳои маҷозӣ ва заминаҳои омӯзиши фосилавӣ мадад мерасонанд ва таҳсилро барои бештари одамон дастрас мекунанд. Технологияҳои рақамӣ имкон медиҳанд, ки вазифаҳои муқаррарӣ ба таври худкор амалӣ ва самаранокии раванд бештар шаванд. Масалан, системаҳои худкор ба кормандон имкон медиҳад, ки ба вазифаҳои муҳимтар ва эҷодӣ диққат диҳанд. Ба шарофати интернет ва заминаҳои рақамӣ иттилоот барои теъдоди одамони бештар дастрас мегардад. Технологияҳои рақамӣ имкон медиҳад, ки шаклҳои нави муносибатҳои иқтисодиро истифода бурда, маҳсулоту хидматрасониҳои инноватсионӣ эҷод карда шаванд. Аз ҷумла, заминаҳои тиҷорати электронӣ имкон медиҳад, ки маҳсулоту хидматрасониҳо дар саросари ҷаҳон ба фурӯш бароварда шавад. Воситаҳои маркетинги рақамӣ барои ҷалби муштариёни бештар дар хизматрасониҳо мадад мекунад.
Хулоса, рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия дар ҷаҳони муосир нақши калидӣ дошта, барои беҳтар кардани сифати зиндагӣ ва баланд бардоштани самаранокии тиҷорат имкониятҳои зиёд фароҳам меорад, аммо сарфи назар аз тамоми афзалиятҳо мушкилоте низ ҳастанд, ки бояд ба назар гирифта шаванд. Минбаъд ҳам тараққӣ додани инфрасохтори технологӣ, ҳамзамон, омӯзонидани малакаҳои зарурии истифодаи технологияи муосир ба аҳолӣ ва барои ҷорӣ намудани таклифҳои навоварона шароити мусоид муҳайё кардан муҳим аст.
Дурнамои рушди иқтисоди рақамӣ умедбахш аст. Ҳамасола технологияҳои рақамӣ дар ҳолати рушди бемайлон ҳастанд, ки метавонанд шароити зиндагии мардумро аз имрӯз беҳтар созанд. Муҳим он аст, ки мо ба ин тағйироти ҷомеа омода бошем ва дар раванди табдилдиҳии рақамӣ фаъолона иштирок намоем. Рақобати солим дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ дар натиҷаи паҳншавии иқтисодиёти рақамӣ афзоиши ёфта, торафт глобалӣ мегардад. Бинобар ин, масъулини соҳа ва ҳар яки моро зарур аст, ки барои иҷрои бетаъхири дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рақамикунонӣ, бавижа дар иқтисоди миллӣ, дар панҷсолаи минбаъда бояд тадбирҳои судманд, ҳадафрас ва натиҷабахшро баҳри ҳалли масоили мазкур андешем. Чунки рушду тараққиёти кишварро дар ҷаҳони муосир бидуни иқтисоди рақамӣ тасаввур кардан ғайриимкон мебошад.
Фирдавс САИДЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамчунин дигар маводҳо:





