https://sadoimardum.tj

Донишмандони зеҳнпарвари башар

Абулвафои Бузҷонӣ

№:111 (5007) 24 сен 2025, 16:11
0

Абулвафои Бузҷонӣ соли 940 дар Бузҷон (шаҳри қадимаи сарзамини Хуросони бузург) ба дунё омадааст. Номи пуррааш Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Яҳё ибни Исмоил ибни Аббос ал-Бузҷонӣ аст. Аз ӯ чун асосгузори тригонометрия (тригонометрия - як қисми ҳандаса, боби таносуби тарафҳо ва кунҷҳо) ёд мекунанд. Зимни суҳбат бо олими соҳаи астрономия профессор Хайёл Бобоев маълум шуд, ки Абулвафои Бузҷонӣ кашшоф ва ихтироъкори барҷастаи замони худ буда, баъзе назарияҳои илмиаш то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд. Фишурдаи ин суҳбатро, ки бисёр паҳлуҳои фаъолияти донишмандро равшан менамояд, ба хонандагони рӯзнома пешниҳод менамоем:

- Бузҷонӣ нисбат ба дигар ҳам­асрони хеш, масалан Абуалӣ ини Сино, Абурайҳони Берунӣ, дар Тоҷикистон камтар шинохта шудааст. Суҳбатро аз ҳамин нукта оғоз намем?

- Бештари осори пурарзиши илмии олимони асримиёнагии Шарқ дар илми тоҷик яке аз самтҳои аз пажӯҳиш дурмонда мебошад, ки сабабҳои муайян дорад. Аввал ин ки барои таҳқиқи мероси илмии ин ё он донишманд зарур аст, пеш аз ҳама, ба мероси ӯ дастрасӣ дошта бошем, вале на ҳама мероси хаттии гузаштагонамон дастраси моянд. 

Мушкилоти дигар он аст, ки дар илмҳои дақиқ барои таҳқиқи дастоварди олимони гузашта ду чизро нағз донистан лозим: аввал хатти арабиро, зеро он замон забони илм арабӣ буд. Дуюм, таърихи илми ҳамон соҳаро. Мо, албатта, мутахассисони хуб, математикони барҷаста дорем, аммо чун хатти арабиро балад нестанд, масъала нокушода мемонад. 

Ҳамзамон, мутахассисоне дорем, ки хатти арабиро бо тамоми нозукӣ баладанд, аммо дониши астрономӣ, математикӣ, физикӣ, кимиёӣ надоранд. Азбаски баъзе осори Абурайҳони Берунӣ ва Абуалӣ ибни Сино дастрасанд, дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон нафарони зиёд онҳоро таҳқиқ намудаанд, ки ин муҷиби дуруст шинохтани ин олимон гардид. Аммо бо сабабҳои болозикр дар мавриди Бузҷонӣ ин корро дар кишвари мо ҳеҷ кас анҷом надодааст. Фақат дар китоби Хуршед Абдуллозода - «Абумаҳмуди Хуҷандӣ ва таърихи астрономияи халқи тоҷик» дар мавриди корҳои илмии А. Хуҷандӣ бо Берунӣ ва Буз­ҷонӣ иттилоъ дода шудааст. Ҳамчунин, як мақолаи устод Хуршед Абдуллозода дар ҳаммуаллифӣ бо донишмандони Эрон дар бораи Бузҷонӣ дар Теҳрон чоп шудаасту халос. 

Дар Фаронса ҷамъияти илмии араб фаъолият дорад ва яке аз китобҳои машҳур ва калонҳаҷми Бузҷонӣ - «Китоб-ал-Маҷастӣ», ки 13 рисоларо дар бар мегирад, он ҷо маҳфуз аст. Соли 2005 дар Донишгоҳи Сорбон 7-и ин кишвар, ки ба таърихи илму техника сарукор мегирад, олиме бо номи Мӯсо Алӣ «Китоб-ал-Маҷастӣ»-ро таҳқиқ намуда, рисолаи докторӣ ҳимоя кард. Нусхаи хаттии дигари ӯ - «Рисола фиҳо юҳтоҷ алайҳи ас-сонеъ мин аъмол ил-ҳандаса» («Рисола роҷеъ ба зарурати ҳандаса») дар Истанбул ва баъзеи дигар дар китобхонаи Университети Кембриҷ нигоҳдорӣ мешаванд. Китобҳои дигари ӯ аз илми мусиқӣ ва астрономия баҳс мекунанд ва дар китобхонаҳои дигари ҷаҳон маҳфузанд, ки қисме аз онҳоро таърихшиносон К. Броккелман, Ф. Вёпке, Х. Зутер, А. П. Юшкевич, Г. П. Матвиевская, Б. А. Розенфелд, А. Қурбонӣ ва дигарон таҳқиқ кардаанд. 

- Аз осори илмии А. Хуҷандӣ бо Берунӣ ва Бузҷонӣ ёдовар шудед. Ин донишмандон бо ҳам робита доштанд?

Бале. Бузҷонӣ натиҷаҳои таҳқиқоташро бо Абурайҳони Берунӣ мубодила мекард. Берунӣ аз Хоразм ва Бузҷонӣ аз Бағдод ҳодисаи гирифтани Офтобро баробар мушоҳида кардаанд. Оғозу анҷоми ин ҳодисаро дар ду шаҳр мушоҳида карда, бо ин роҳ фарқи тӯли маҳали байни ин ду шаҳрро муайян мекунанд, ки он ба 1 соат баробар аст. Олимони имрӯз, ки ба навтарин технология дастрасӣ доранд, муайян намудаанд, ки он 1 соату 5 дақиқа мебошад. Яъне, ҳамагӣ 5 дақиқа фарқият дарёфтанд, ки дар илм хеле ночиз аст, аммо ин танҳо яке аз корҳои муҳими анҷомдодаи ӯ дар астрономия мебошад. Тартиб додани зиҷ, муайян кардани қутри (диаметри) кунҷии Офтобу Моҳ, мушоҳида ва омӯзиши ҳаракати номунтазами Моҳ аз корҳои дигари муҳими анҷомдодаи ӯ маҳсуб меёбад. Бояд зикр намуд, ки Бузҷонӣ дар мушоҳида намудани ҷирмҳои осмонӣ бо олими машҳури он замон Абу Саҳл-ал-Кӯҳӣ низ ҳамкорӣ дошт.

Аввалин квадрантро (асбобе, ки ба воситаи он вазъи ҷирмҳои осмонӣ муайян карда мешавад) дар ҷаҳон ӯ сохтаву бо он мушоҳидаҳои астрономӣ анҷом додааст. Бузҷонӣ, ҳамзамон, аввалин олиме мебошад, ки дар ҷаҳон нобаробарии ҳаракати Моҳро кашф кардаст. 

- Аммо ин бозёфт дар таърихи илм ба номи олими даниягӣ Тихо Браге сабт аст...

- Мутаассифона. Баъзан бар асари беадолатиҳову ҳаводиси замон мероси арзандаи як миллат ё як олими пуркор инкор мешавад. Сабаби дигар ин аст, ки бештари осори пурарзиши илмии асримиёнагии Шарқ ҳанӯз пурра омӯзишу таҳқиқ нашудааст. Ба ин сабаб аксари ин кашфиёт бо номи дигарон муаррифӣ гардидаанд, ҳол он ки Абулвафои Бузҷонӣ дар асри X зиндагӣ ва кору фаъолият намудааст, Тихо Браге бошад, олими асрҳои XIV-XV маҳсуб меёбад. Яъне, он чӣ Тихо Браге дар мавриди нобаробарии ҳаракати Моҳ таъкид кардааст, онро панҷ аср пештар аз ӯ олими тоҷику форс Бузҷонӣ кашф карда буд. Бузҷонӣ иштибоҳоти олимони пешинро дар мавриди ҳаракати Моҳ ёфта, таъкид кардааст, ки асари «Алмаҷастӣ»-и Афлотун дар мушоҳидаи моҳтоб, муайян намудани фазаҳои моҳтоб хатоиҳо дорад. Ӯ ин хатоиҳоро зимни мушоҳида дар ҳаводиси гирифти Моҳ дарёфта, андешаҳояшро дар китоби худ «Китоб-ал-Маҷастӣ» дарҷ намудааст.

- Воқеан, дар илми риёзӣ низ хулосаҳояш бисёр дақиқ аст...

 - Бале. Формулаи ҳисоб кардани масоҳатро тавассути  дақиқ ёфтааст. Дар математика бисёриҳо синуси 90 градус, 30 градус, 45,60 градусро азёд медонанд, аммо синуси 1 градусро ҳеҷ кас қариб ки намедонад. Бузҷонӣ онро бисёр саҳеҳ чен карда баровардааст. Ин далели бузургии ӯ дар илм мебошад. 

Дар осораш дар мавриди масоҳати чоркунҷа маълумоти саҳеҳ додааст. Китоби дигаре дорад, ки дар бораи мубодилаи мол, масалан, мубодилаи чорво бо ғалла иттилои дақиқу муфид пешниҳод мекунад. Яъне, ба воситаи илми математика дуруст ҳисоб карданро ҳангоми мубодилаи мол ба мардум омӯхтааст. Вай муаллифи дастури математикӣ оид ба донистани ҳисобу китоб дар соҳаи ҳунармандӣ мебошад ва дар ин асараш ба тоҷирони ин соҳа чиро бояд аз риёзӣ донанд, фикру зикри ҷолибе додааст. 

Истилоҳи «қутри зилл» (сояи хати рос­те, ки аз маркази доира гузашта, онро ба ду ҳисса ҷудо мекунад) нахустин бор дар таърихи илм дар «Китоб-ал-Маҷастӣ»-и Абулвафои Бузҷонӣ таъриф шудааст. 

- Далели ин ки тригонометрияро то замони Бузҷонӣ дигарон ҳам медонис­танд, бебаҳс аст. Чунончӣ, Хоразмӣ. Сабаб чист, ки Бузҷониро аз асосгузорони тригонометрия меҳисобанд?

- Андешаи Шумо дуруст аст, аммо тригонометрия он замон ноқис ва парешон буд. Маҳз Буз­ҷонӣ онро ба низом дароварда, мукаммал намуд ва он шакли як фан ё шохаи илмии ҳисобро гирифт. Вай аз роҳи омӯзиш аввалин далелҳои теоремаҳои тригономет­риро дар бораи синусу косинус ба даст овард. Ин формулаҳоро худи донишманд бисёр равшан навиштааст: .

Вай, инчунин, ҷадвалҳои арзишҳои ин функсияҳоро сохтааст. Зимнан, Бузҷонӣ тангенсро «аз-зил» ва котангенсро «кутр аз-зил» номидааст. Илова бар ин, усули нави сохтани параболаро аз нуқтаҳо дар системаи координат офаридааст. Муаллифи як қатор асарҳо оид ба тарҳи геометрӣ мебошад, ки қисман аз рӯи нақша ё намунаҳои ҳиндӣ асос ёфтааст. 

Бузҷонӣ дар оилаи зиёӣ ба дунё омада буд. Ду амакаш - Муҳаммад Амр Муғаззӣ ва Абуабдулло ибни Амбасӣ муаллимони хуби математика буданд ва аз кӯдакӣ ба ӯ илми ҳисоб омӯхта, ба ҷаҳонбинӣ ва афкори илмиаш таъсири амиқ гузоштаандДар баробари ин, геометрияро ба ӯ донишманди бузурги замонаш Абуабӣ ибн Карнабӣ, ки дӯсти амакҳояш буд, дарс додааст. Дар 20-солагӣ ба Бағдод рафта, дар академияе, ки дар таърих бо номи «Ал-ҳикмат» машҳур аст, дониш мукаммал намуда, то охири умр - соли 997 дар ин шаҳр фаъолият кардааст. 

Умуман, олимони тоҷику форс дар бунёд, рушду такомули илмҳои ибтидоии башарият, бахусус дар тавлиди илмҳои табиӣ, тиб, ҳандаса, риёзӣ, кимиё, мусиқӣ, фалсафа ва ғайра, саҳми зиёд гузоштаанд, ки Абулвафои Бузҷонӣ аз зумраи онҳост. Месазад ифтихор кунем, зарур аст, ки аз дастовардҳояш огоҳ бошем, онро ҳимоя ва арҷгузорӣ намоем. 

- Дар иҷрои ин амали неку мондагор ба Шумо барор мехоҳем.

- Ҳимояву таблиғи ин мероси муҳим ва ба ин роҳ боло бардани ҳисси худшиносию худогоҳии хонандагон, хоса ҷавонон, рисолати ҳамаи мост! 

Ташаккур барои суҳбат.

Саломат бошед.

Мусоҳиб Фарзона ФАЙЗАЛӢ, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: