Сокинони Исмоили Сомонӣ соҳиби «Шоҳнома» шуданд
Сокинони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе соҳиби шоҳасари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ - «Шоҳнома» гардиданд, ки бо иқдоми неки фарҳангпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав ва бо сифати баланд ба нашр расидааст.
Ин иқдоми наҷибу камназири Пешвои маърифатпарвари миллат дастовези беҳтарин ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳадаф аз он, ба таъкиди Сарвари давлат, «эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус наврасону ҷавонон, мебошад».
Тақдими ин туҳфаи арзишманд аз ҷониби Роҳбари давлат ба ҳар хонавода иқдоми арзишманди арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллати бостонӣ ва тамаддунофари тоҷик арзёбӣ гардида, ба таҳкими худшиносии миллии ҳар як сокини кишвар мусоидат менамояд.
Н. МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





