Анвар Иматшозода: «Паёми ман сода, вале самимист!»
Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар бунёдкориву созандагӣ вусъати тоза пайдо намуд. Дар ноҳияи Ишкошим низ бо истифода аз имконоти мавҷуда ва дастгирии рӯзафзуни роҳбарияти олии мамлакат ин раванд тавсеа ёфта, ноҳия дар роҳи пешрафт ва тараққиёти ҳамаҷониба қарор дорад.
Дар робита ба дастовардҳо ва нақшаҳои минбаъда суҳбате доштем бо раиси ноҳияи Ишкошим, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Иматшозода:
- Нахуст дар бораи таҳаввулоти солҳои охир ва омодагиҳои ноҳия ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ суҳбат дошта бошем…
- Истиқлоли давлатӣ ба мардуми мо озодӣ, амният, пешрафт ва марҳилаи сифатан нави болоравии худшиносии миллиро эҳдо кард. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Ишкошим ба комёбиҳои беназир ноил гардид. Танҳо ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёду навсозии 110 иншоот дар назар буда, то имрӯз 85 адади онҳо ба истифода дода шудааст, ки беш аз 77 дарсади иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Иншооти нав ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, варзиш, фарҳанг, обу барқ ва дигар зерсохторҳо марбут буда, барои беҳбуд ёфтани шароити зиндагии мардум нақши муҳим доранд.
- Рушди иқтисодӣ ва иҷрои буҷети ноҳия дар кадом сатҳ қарор доранд?
- Рушди устувори иқтисодӣ меҳвари фаъолияти мо ба ҳисоб меравад. Дар нимсолаи аввали соли 2025 қисми даромади буҷети маҳаллӣ 33,017 миллион сомониро ташкил дода, нақша 101,1 дарсад иҷро гардид. Нақшаи ҷамъоварии андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, 111,2 дарсад иҷро шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 148,2 фоиз афзуд. Илова бар ин, дар ноҳия 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 62 миллион сомонӣ татбиқ шуда, ҳоло 5 лоиҳаи дигар ба маблағи 106 миллион сомонӣ дар марҳилаи амалисозӣ қарор доранд.
- Ишкошим ҳамчун минтақаи сайёҳӣ маъруф аст. Дар ин самт чӣ корҳо амалӣ шудаанд?
- Бале, ноҳияи Ишкошим бо табиати нотакрор, манзараҳои дилрабо барои сайёҳон таваҷҷуҳбарангез аст. Бо истифода аз чашмаҳои шифобахш (Гармчашма, Биби Фотима, Авҷ, Зонг), ёдгориҳои таърихӣ (қалъаҳо, петроглифҳо, ибодатгоҳҳо) ва табиию фарҳангии худ инфрасохтори сайёҳиро тақвият мебахшем. Имрӯз дар ноҳия 23 меҳмонхона, 12 хонаи сайёҳӣ, 11 ошхона, 6 нуқтаи фурӯши армуғон ва даҳҳо маркази хизматрасонӣ фаъолият доранд. Қобили зикр аст, ки дар шаш моҳи аввали соли 2025-ум 2291 сайёҳ, аз ҷумла 1569 хориҷӣ, аз ноҳия боздид намуданд.
- Сафари навбатии кории Пешвои миллат ба ноҳия, ки чанде пеш сурат гирифт, марҳилаи сифатан нави рушдро оғоз бахшид…
- Дуруст гуфтед. Ташрифи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ишкошим воқеан ҳам таърихӣ ва тақдирсоз буд. Дар доираи ин сафар корхонаи коркарди ангати «Гулчеҳра-80», мактаби замонавии рақами 21, биноҳои нави раёсати молия, КИ ҲХДТ, варзишгоҳи марказӣ барои 4000 нафар ва манзилҳои истиқоматӣ барои 13 оилаи аз офатҳои табиӣ зарардида мавриди истифода қарор гирифтанд. Ин ҳама нишондиҳандаи таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат ба рушди ин минтақаи дурдасти кишвар мебошад.
- Ишкошим, ҳамчун ноҳияи наздисарҳадӣ, дар ҳифзи марзи давлатӣ низ масъулияти азим дорад.
- Бале. Ноҳия 404 километр марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад. Сокинони ноҳия бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ дар ҳифзи сарҳад фаъоланд. Хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ, кумак ба сарҳадбонон ва ҳифзи субот вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони ин диёр буда, онҳо дар ин ҷода собитқадаманд.
- Соҳаи варзиши ноҳия дар кадом сатҳ аст?
- Панҷ соли охир варзишгарони ноҳияи мо дар мусобиқаҳои гуногун 318 медал ба даст овардаанд. Соли 2023 дастпарварони мактаби варзишии ноҳия дар лигаи футболи кӯдакону наврасон ҷои аввалро гирифтанд. Боймамад Боймамадов (ҷудо), Билоли Амриддин (бокс), Парвиз Хушқадамов (ҷудо), Ораш Аҳмадбеков ва Ҳикмат Абдурасулов (варзиши сабук) номи ноҳияро дар сатҳи ҷумҳурӣ баландтар бардоштанд. Имсол бошад, тими футболбозони ноҳия дар байни тимҳои ВМКБ ҷойи сеюмро ишғол намуд.
- Чӣ гуна метавон эҳтироми сокинон, хусусан ҷавонон ба дастовардҳоро бештар кард?
- Ба назари ман, ин, пеш аз ҳама, аз роҳбарон, зиёиён ва фаъолони ҷомеа вобаста аст. Вақте мо раванди бунёдкорӣ, сулҳу субот ва болоравии мақому манзалати кишварамонро ба мардум муассиру фаҳмо тавзеҳ медиҳем, эҳсоси ватандӯстиву худшиносии мардум болотар меравад.
Бо ифтихор мегӯям, ки сокинони ноҳияи Ишкошим дар баробари шукргузорӣ аз фазои амни мамлакат ба арзишҳои милливу давлатӣ бениҳоят содиқу арҷгузоранд.
- Паёми Шумо ба хонандагони рӯзнома?
- Паёми ман сода, вале самимист: Тоҷикистони азизамон дар марҳилаи сифатан нави ободиву шукуфоист. Мо бояд ба қадри Истиқлол, Пешвои миллат ва сулҳу суботи кишвар расем. Барои ободии диёр ҳар як шаҳрванди кишвар бояд саҳмгузор бошад. Дар он сурат метавонем Тоҷикистонро боз ҳам ободу зеботар гардонем.
- Сипос барои суҳбати пурмуҳтаво.
- Саломат бошед!
Мусоҳиб Наҷиба МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





