https://sadoimardum.tj

Даъват

№:112 (5008) 26 сен 2025, 23:51
0

Ҳамовозӣ ба суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои Иҷлоси 80-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, 24-уми сентябри соли 2025, шаҳри Ню-Йорк

Ба эҳтироми сиришки равони пиру ҷавон,

Ба эҳтироми замину замону рӯди равон,

Зи кори ҷангу низоъ дасту дил нигаҳ доред,

Ба эҳтироми сиришту равони пиру ҷавон!

Ба эҳтироми вуҷуди тамоми тайру вуҳуш,

Ба эҳтироми вуҷуди вуҷуди сабзи ҷаҳон,

Зи ҷангу оташу хунрезӣ даст бояд шуст, 

Ба эҳтироми гулу сабзаи чаманзорон.

Ба эҳтироми оби мусаффову хоку ҳаво,

Ба эҳтироми баҳорону дай, тамузу хазон,

Нифоқу ҷангу низоъро канор бигзоред,

Ба эҳтироми таманнои дил, ниҳону аён.

Ба эҳтироми ниёи накуву нексиришт,

Ба эҳтироми гузашта, ба эҳтироми замон,

Зи кори ҷангу низоъ дасту дил нигаҳ доред,

Ба эҳтироми вуҷуди замини амну амон!

Комилҷон Шамшерзода,

ш. Душанбе, 24 сентябри соли 2025

Ҳамчунин дигар маводҳо: