Аз ормони миллӣ то шуҳрати ҷаҳонӣ
Истиқлоли давлатӣ маънии мустақил будан, аз касе вобаста набуданро ифода менамояд. Зери итоати касе набудани миллату давлат Истиқлоли давлатӣ аст.
Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 мустақил шуд, аммо бо талошҳои мансабхоҳону мухолифон кишвар дар амвоҷи пурталотуми ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба нестӣ оварда буд. Дар ин миён ҷавоне дар айёми шукуфоии умр тавонистанд тақдири миллатро ба даст гирифта, Тоҷикистонро аз ин варта бираҳонанд. Ин шахси муътабар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд.
Дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Роҳбари давлат интихоб гардиданд. Ҳанӯз дар лаҳзаҳои ҳассоси ин иҷлосияи тақдирсоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қатъият изҳор намуданд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам».
Воқеан ҳам, Сарвари давлати тоҷикон барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон қадамҳои устувор гузошта, заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам оварданд.
Тӯли 34 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони азиз таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ гомҳои устувор гузошта, бо барқарор намудани муносибатҳои судманд бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ марҳила ба марҳила мавқеи сиёсии худро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам намуд. Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти неруи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад, ки то кунун барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо корҳои зиёд анҷом дода шудаанд.
Таҷлили бошукӯҳи Ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо мақсади гиромидошти ин неъмати бузург аст, ки бори дигар руҳи истиқлолхоҳиро дар шуури мардум, бахусус дар ҷавонон, таҳрик диҳад, ҳисси ифтихор ва масъулиятшиносиро дар онҳо бедор созад, онҳо ба қадри истиқлол ва суботу оромии кишвар бирасанду онро ҳифз намоянд.
Дар ҳар як мулоқоту вохӯриҳо бо сокинони мамлакат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қадру манзалати Истиқлоли давлатӣ ва гиромидошти он сухан мегӯянд. Дар яке аз суханрониҳояшон иброз намуда буданд: «Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафту неруманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем».
Омӯзиши таърихи ташаккули ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ гувоҳӣ медиҳад, ки ҷумҳурии мо узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида, сиёсати мутавозин ва санҷидашудаи хориҷии хешро муваффақона пеш мебарад. Маҳз бо шарофати истиқлол мо аз Созмони Милали Муттаҳид сар карда, узви муҳимтарин созмонҳои байналмилалии дунё шудем. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол имрӯз бо беш аз 60 созмони минтақавию ҷаҳонӣ ҳамкориҳои судбахш ба роҳ мондааст ва ҳоло дар масири рушду пешрафт ба сӯи оянда гомҳои устувор мениҳад.
Инак, имсол мардуми сарбаланди тоҷик 34-умин солгарди Истиқлоли давлатиро дар фазои орому осуда ва пешравию созандагиҳо таҷлил доранд.
Латофат ОДИНАЗОДА,
директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб, номзади илмҳои педагогӣ
Ҳамчунин дигар маводҳо:





