Истифодаи барқ
Сарфакорӣ масъулияти шаҳрвандист!
Агентии назорат дар соҳаи энергетика як корхонаро дар ноҳияи Файзобод барои дуздии барқ беш аз 44,5 ҳазор сомонӣ ҷарима карда, нисбат ба се корманди шабакаҳои тақсимоти барқи ноҳия барои бемасъулиятӣ дар иҷрои уҳдадориҳои касбӣ парвандаи маъмурӣ боз кардааст.
Ба иттилои манбаъ, роҳбарияти ҶДММ «Собир-САМ» зимни сохтмони мактабе дар ноҳияи Файзобод барқро ғайриқонунӣ истифода мекардааст. «Бинобар бемасъулиятии роҳбарияти шабакаҳои барқи ноҳияи Файзобод ҶДММ «Собир САМ», ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бунёд намуда истодааст, бидуни ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва бе насби ҳисобкунаки барқӣ, яъне ғайриқонунӣ, неруи барқро истифода мебурд», - навиштааст агентӣ.
Мақомот роҳбарияти корхонаи мазкурро барои ин кор 44 ҳазору 513 сомонӣ ҷарима кардаанд. Манбаъ навиштааст, ки нисбат ба се корманди шабакаҳои барқи ноҳияи Файзобод низ бо гумони «риоя накардани қоидаҳои истифодаи барқ ва иҷро накардани уҳдадорӣ» тибқи моддаи 394 қисми 3 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ боз шудааст.
Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ ошкор намуданд, ки шаҳрванд Парвина Абдуллоева муддатест дар кошонаи ҳусн бе ҳисобкунак неруи барқро истифода бурдааст. Тибқи санади мутахассисони соҳа зарари расонидашуда наздики 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Парвина Абдуллоева бо моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Агентии назорат дар соҳаи энергетика танҳо дар моҳи майи соли равон даҳҳо корхона ва сокинони кишварро барои «дуздӣ»-и неруи барқ, дар умум, 4 миллион сомонӣ ҷарима баст, ки ин маблағ дар 272 ҳолат ошкор гардидааст.
Ба ин хотир, ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он сангинтар шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 марти соли 2025 дар маҷлиси Ҳукумати кишвар аз ҳолатҳои истифодаи ғайрисамаранок ва талафоти зиёди неруи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 изҳори нигаронӣ ва таъкид карданд, ки истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он бояд ба таври қатъӣ ҷилавгирӣ ва чунин кирдорҳо ҷиноят ҳисобида шаванд. Бо назардошти ҳалли ин масъала лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия, қабул, ҷонибдорӣ гашта, мавриди амал қарор гирифт. Мувофиқи тағйироти мазкур барои дахолат кардан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ ё бе пайваст шудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ истифода бурдани қувваи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар шудааст.
Тибқи қонуни мазкур ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 2531 илова гардид, ки он барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамояд.
Дар асоси Кодекси ҷиноятӣ касоне, ки қоидаҳои истифодаи неруи барқро вайрон ва аз пардохти пули он саркашӣ мекунанд, аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол зиндонӣ мешаванд. Ҳамчунин, бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои истифодаи нодурусти барқ шаҳрвандон, мансабдорон ва соҳибони коргоҳу корхонаҳо аз 1 ҳазору 500 то 22 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима мешаванд.
Пурқувват намудани ҷавобгарӣ нисбат ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ муҳим ва саривақтӣ буда, даровардани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии кишвар дар ин самт на танҳо аҳамияти иқтисодӣ дорад, балки ба таҳкими фарҳанги истифодаи оқилона ва сарфакоронаи қувваи барқ мусоидат мекунад.
Дар ин кор ҳар як шаҳрванд, махсусан бонувон, бояд саҳмгузор бошанд. Занонро зарур аст дар баробари модари ғамхору тарбиятгари насли оянда будан, инчунин, сарфакори хонадон бошанд, зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар баъзе маврид бонувон низ ба бемасъулиятӣ роҳ медиҳанд.
Ба андешаи сардори Хадамоти давлатии назорати энергетикии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғолиб Убайдуллозода, истифодаи энергияи барқ рӯз ба рӯз афзуда, бояд ба самаранок истифода бурдани он аҳамияти ҷиддӣ диҳем.
- Пеш аз ҳама, мо бояд иқтидори истеҳсоли барқро афзун намоем. Хуб медонем, ки муҳлати кӯтоҳ таъсис додани иқтидори истеҳсолӣ кори саҳл нест. Барои ҳамин он иқтидореро, ки дар ихтиёр дорем, бояд самаранок истифода барем. Ин аз фаъолияти кормандон ва мутахассисони идораю муассисаҳои истеҳсоли неруи барқ, шабакаҳои интиқол ва тақсимот, инчунин, аз истеъмолкунандагон вобастагӣ дорад, - гуфт Ғ. Убайдуллозода.
Бино ба гуфти номбурда дар ин самт нақшаҳои мушаххас таҳия шуда, бетаъхир тадбирандешӣ хоҳад шуд.
- Барои оммафаҳм ва дастрас будани чораандешӣ ҳамкориро бо воситаҳои ахбори омма ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ вусъат бахшидем. Таҳия ва нашри муроҷиатномаю буклетҳои ранга ва филмҳои тасвириро ба нақша гирифтаем, то ба воситаи онҳо корҳои оммафаҳмониро вусъат диҳем. Дар муҳлатҳои наздиктарин нашри буклет оид ба усули сарфаи энергия ба таври сода ба муштариёни маишӣ дар назар аст, - илова намуд Ғолиб Убайдуллозода.
Сарфакорона ва самаранок истифода бурдани неруи барқ масъулияти шаҳрвандист. Бояд тамоми қишрҳо маърифати сарфакориро сармашқи кор намуда, ба исрофи беҳудаи барқ роҳ надиҳанд. Сарфи беҳудаи қувваи барқ нишонаи бемасъулиятию бефарҳангӣ ва хилофи қонунгузорист.
Гулбаҳор РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





