https://sadoimardum.tj

Ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагон

№:113 (5009) 29 сен 2025, 13:09
2

Бисту нуҳуми сентябри соли 2025 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сар­аудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Аҳмадзода Шуҳрат Аҳмад», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи котиботи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи комиссияи баҳисобгирии овозҳо дар ҷаласаҳои Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурӯҳи назорати низоми электронии овоздиҳӣ дар ҷаласаҳои Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби инъикоси рафти Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум» мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. 

Дар ҷаласаи Шуро, ҳамчунин, масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ», «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Асим» оид ба барқарорсозӣ ва васеъ намудани иқтидори истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Комбинати маъдантозакунии Адрасмон» ва «Дар хусуси Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди қатарии рушд оид ба Лоиҳаи «НБО «Роғун» баррасӣ шуда, барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.

Шурои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, «Дар бораи даъват кардани Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи якуми Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум» қарор қабул кард. 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: