https://sadoimardum.tj

Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллӣ

№:114 (5010) 01 окт 2025, 20:33
0

Якуми октябри соли 2025 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон баргузор гардид.

Ба рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои зерин дохил карда шуданд:  

«Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавобгарӣ барои поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки  Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ», «Пешниҳоди Ҳукумати Ҷум­ҳурии Тоҷикистон дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донис­тани маҳали аҳолинишини Дашти Ҳаштсари деҳоти Айнии ноҳияи Айнии вилояти Суғд ва иваз намудани номи он ба Ваҳдатобод», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Каримзода К.М.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси Коллегияи ҳарбӣ бозхонд намудани Раҳмонзода С.С.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдураҳимзода Д.Р.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз­хонд намудани Оймаҳмадзода М.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ваҳобзода Ш.Ҳ.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз­хонд намудани Ҷуразода Н.Ё.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Пӯлодӣ М.К.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Хушмаҳмадзода А.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Раҳимзода Х.А.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Наимзода Б.Р.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Раҷабзода П.Ш.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Абдураҳимзода Д.Р.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси Коллегияи ҳарбӣ интихоб намудани Раҷабзода Ҳ.Н.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Раҳмонзода С.С.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи  Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Соҳибзода М.М.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Мирзозода М.З.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Раҳимзода Х.А.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Азизӣ Ҷ.А.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Мирзозода М.Ҳ.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Баротзода Ҳ.Н.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани  Раҷабзода П.Ш.», «Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар бораи интихоби машварат­чиёни халқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030».

Масъалаҳои рӯзномаро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Рустами Эмомалӣ, раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъми­ни асос­ҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озоди­ҳои инсон, шаҳр­ванд ва қонуният Маҳмадалӣ Ватанзода, оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Парвиз Акрамзода, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Мунира Каримзода,  оид ба иқтисодиёт ва коммуникат­сия Давлаталӣ Саид, оид ба ҳамоҳанг­со­зии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳо­дия­ҳои ҷамъия­тӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарла­ментӣ Қобилҷон Хушвахтзода ва ёрдамчии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  масъалаҳои ҳуқуқӣ – намояндаи  ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ  ва  Маҷлиси   намояндагони Маҷли­си Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода шарҳу тавзеҳ доданд.

Шурои Маҷлиси миллӣ масъалаҳои рӯзномаро барои баррасӣ ба Иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум пешниҳод кард. Шурои Маҷлиси миллӣ, ҳамчунин, «Дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум» қарор қабул намуд. 

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ

Ҳамчунин дигар маводҳо: