Пешвои раъиятпарвару мардуми шукргузор
Ҷомеа дар ҳама давру замон ба сарварии шахсе ниёз дорад, ки дар масири зиндагӣ шоҳроҳи дурусти ба мақсад расиданро нишон диҳад. Аз ин рӯ, олимону мутафаккирон ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим ба нақш ва мақоми сарвари сиёсӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар асарҳои худ хислатҳои накуи онҳоро тавсиф намудаанд. Сарварӣ ҳамчун зуҳуроти иҷтимоию сиёсӣ дар рушди ҷомеаҳо, бахусус, дар марҳилаҳои ҳалкунандаи онҳо, меҳвар ва ҷавҳар мебошанд. Ҳамин аст, ки сарвари сиёсиро дар фарҳанги аксар халқу миллатҳо ҳамчун арзиши сиёсӣ эътироф намуда, нақши онро дар таҳкиму рушди давлатдорӣ муҳим медонанд.
Ба ақидаи Низомулмулк: «Худо дар ҳар давру замон аз байни мардум як нафарро интихоб мекунад ва ба ӯ санъати идоракуниро эҳдо мекунад, бо вай манфиатҳои сулҳу оромии бандагони Худоро алоқаманд мекунад. Ба воситаи он дарвозаҳои шӯру ошӯб ва бесарусомониҳоро мебандад. Вай дар пеши чашмони мардум густурда ва дар дили мардум бузургӣ ва қудрати сарварро ҷой медиҳад, то мардум дар давронаш дар адолату оромӣ ба сар баранд ва дарозумрии давлатро таманно кунанд».
Дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷанбаҳо меҳвару ҷавҳар буда, дар ин замина, ҷойгоҳу маҳбубияти ин абармард бениҳоят баланд аст. Дар ягон давлати олам табақаҳои ниёзманд мисли кишвари мо мавриди таваҷҷуҳу ғамхорӣ қарор надоранд. Ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ ва самарабахш андешида мешаванд. Ғамхорӣ ва дастгирие, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони заминларзаи шадиди 13-уми апрели соли равон дар навоҳии Рашту Тоҷикобод зоҳир шуд, далели ин гуфта ва идомаи мантиқии ибтикороти қаблӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки бар асари ин заминларза дар ноҳияҳои зикршуда 94 хонаи истиқоматӣ пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 хонаи дигар осеб расид. Ҳамчунин, 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 200 иншооти гуногуни дигар зарар диданд.
Раъиятпарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ҳадде аст, ки ин масъаларо 15-уми апрел дар маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, ҷиҳати бартараф намудани оқибати офати табиӣ ва кумак ба зарардидагон ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Маҳз, ба шарофати таваҷҷуҳи хосаи ин абармарди дунёи сиёсат фавран бартарафсозии пайомади заминларза ва эъмори манзилҳои истиқоматӣ оғоз гардид. Тадбирандешии бетаъхир аҳолии зарардидаро, ки дар ҳолати яъсу ноумедӣ қарор доштанд, ба зиндагӣ дилгарм намуд.
Қобили зикр аст, ки мардуми Рашту Тоҷикобод мунтазам аз дастгириву таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдор мегарданд. Барои мисол, ҷиҳати таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рашт дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 2,7 миллиард сомонӣ, аз ҷумла аз буҷети давлатӣ 1,5 миллиард сомонӣ, равона гардидааст. Илова бар ин, дар ноҳия 25 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 500 миллион сомонӣ ба анҷом расида, татбиқи 6 лоиҳа идома дорад. Тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт бунёду таҷдиди 307 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз корҳо дар аксар иншоот ба анҷом расидаанд.
Дар «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2021-2025» амалисозии 256 лоиҳа ба маблағи 393 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, корҳо дар қисми зиёди онҳо низ дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ шудааст. Ба ин монанд, баҳри баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз як миллиард сомонӣ равона шудааст. Илова бар ин, дар ин давра ҷиҳати пӯшонидани хароҷоти буҷети ноҳия ва маблағгузории соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии он аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ зиёда аз 400 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок равона карда шуданд.
Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 400 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 5 лоиҳаи дигар идома дорад. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, ҳамчунин, «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Тоҷикобод барои солҳои 2021-2025» амалӣ шуда, дар асоси он татбиқи 196 лоиҳа бо харҷи 139 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Тоҷикобод бунёду таҷдиди 101 иншоот ба нақша гирифта шуда, корҳо мувофиқи мақсад идома доранд.
Заминларзаи зикршуда бори дигар собит намуд, ки онҳо дар симои Пешвои миллат саробони мушфиқ доранд, ки онҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ танҳо намегузоранд. Чанде пеш мо ба ин ноҳияҳо сафар доштем ва самараи ғамхории Пешвои миллатро бевосита шоҳид будем. Маълум гардид, ки дар маҳаллаҳои зарардида ба маънои том шаҳрак бунёд шудааст. Бамаврид аст зикр намоям, ки дар кишварҳои хориҷ ҳангоми рух додани чунин ҳолатҳо ягона василаи ҷуброни зарар суғурта аст. Биноан, дар он мамлакатҳо мардуме, ки манзили худро аз даст додаанд, муддати зиёд бехона ва гирифтори мушкилоти зиёд мемонанд. Аз ин лиҳоз, тоҷику тоҷикистониён шукргузоранд, ки ба шарофати раъиятпарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурии мо оқибати чунин ҳодисаҳо дар муддати бениҳоят кӯтоҳ бартараф ва ба кулли шаҳрвандон яксон кумак расонида мешавад.
Шоҳид будем, ки ҳангоми рух додани чунин ҳолат дар дигар минтақаҳои мамлакат низ бо дастури муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзилҳои истиқоматӣ бунёд ва бо лавозимоту таҷҳизоти зарурӣ (аз сӯзану ришта то дигар ашёи рӯзгор) таъмин шуданд. Зимни боздид аз маҳали зарардида шоҳид гардидем, ки ба оилаҳои хонаҳояшон қисман зарардида борҳо ёрии молиявӣ расонда шудааст. Онҳо, ҳамчунин, ба масолеҳи сохтмонӣ таъмин гардидаанд.
Илова бар ин, аз ҷониби сокинони дигар шаҳру навоҳии кишвар ба ноҳияҳои зарардида корвони маводи ниёзи аввал ва масолеҳи сохтмонӣ ворид гардида, бори дигар ҳамдилию ягонагии мардуми кишварро ба маъраз гузошт. Мардум хеле самимона ва бо эҳсосот миннатдории худро ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён менамуданд. Хурсандиовар аст, ки дар ҳамовозӣ ба ибтикори Пешвои миллат соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи ин ноҳияҳо низ баҳри бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ саҳм гирифтаанд.
Тарҳу намои манзилҳои истиқоматӣ зебову муосир буда, ин иншоот дорои шароити муносиб барои зиндагӣ мебошад.
Дар маҷмуъ, зимни боздид шоҳид гардидем, ки ба шарофати раъиятпарварии Пешвои миллат руҳбаландии мардум баръалост ва заминларза ба корҳои ободонию созандагии сокинони деҳот ва рушди соҳаҳои хоҷагии халқ таъсири манфӣ надорад.
Маҳмудзода Аҳмад Маҳмуд,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамчунин дигар маводҳо:





