https://sadoimardum.tj

Бунёди 167,7 га боғи нав дар 3 моҳ

15 май 2025, 09:01
1

Соли 2025 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии мамлакат 167,7 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум  1,7 баробар зиёд мебошад.

Дар ин бора Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  гузориш оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар се моҳи соли равон хабар медиҳад.

Инчунин, дар ин давра 31,4 гектар токзори нав бунёд гардид, ки 16,1 гектари он ба заминҳои лалмӣ рост меояд. Барқарорсозии боғу токзори кӯҳна дар якҷоягӣ 461,3 гектарро ташкил додааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки боғдорӣ яке аз соҳаҳои асосии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷанбаи сердаромади соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ,  ғанӣ гардонидани сабади истеъмолӣ, таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, афзун гардонидани имконияти содиротии мамлакат ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мавқеи муайянро ишғол менамояд. 

Ёдрас мекунем, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» қабул гардидааст. Дар доираи амалишавии  он бунёди беш аз 113 гектар боғҳои ситрусӣ ва анъанавӣ низ ба нақша гирифта шудааст.

 

Н. МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: