https://sadoimardum.tj

Забон

№:120 (5016) 08 окт 2025, 18:58
0

Забон - бунёди дунё, пойдориҳо аз он ӯрост,

Сутуни пойбарҷои Ватан, бурҷи ҷаҳон ӯрост. 

Забон аз нав шуд аз иқдомҳои Пешво эҳё,

Камолу рушду азму устуворӣ, итминон ӯрост. 

Забон бо ваҳдату давлат ба истиқлол шуд пайванд,

Ба олам муҳри худсозӣ аён андар баён ӯрост. 

Забон аз баҳри миллат гар тамаддун бошаду таърих,

Барои насли оянда ҳазорон ормон ӯрост. 

Забон ҳам худшиносӣ ҳасту ҳам ҳувияти миллӣ,

Абад пайвандсозии замонҳо бо замон ӯрост. 

Забон равшангари асрору рози одаму олам,

Чу иршоди муҳити ҳастии инсон нишон ӯрост. 

Забон бояд зи лаҳни шаккарини Пешво омӯхт,

Нигар лафзаш, ҳазорон кас шафиқу меҳрубон ӯрост. 

Забони «Шоҳнома», ҳам «Авасто», «Маснавӣ» улвист,

Ки ин хоку замин, обу само умре макон ӯрост. 

Забон эҳёгари расму русуми мардуми тоҷик,

Тамаддунофари миллат, ҳаёти ҷовидон ӯрост. 

Забон маъруфсози миллат, осори ниёкон аст

Ва ҳам тарғибу талқинсози васфи бекарон ӯрост. 

Забон шоҳид ба ҳар душворию ҳам дастоварде,

Намоди илму фазлу маърифат, ганҷи гарон ӯрост. 

Забон услубу сабку саҷъу садҳо санъату ҳикмат,

Таҳаввулбахши таърихи башар, кавну макон ӯрост. 

Забон худ қисмату тақдиру рамзи рӯзгори мо,

Нигоҳи хуш ба оянда, фурӯғ андар миён ӯрост. 

Забони мо забоне аз забонҳои азал бошад,

Зи қаъри қарнҳо азму иродат устувон ӯрост. 

Забон бо лафзу лаҳҷа, шеваи ақвоми таҳҷоӣ,

Фарогири дару девору марзу хонумон ӯрост. 

Забон шево, баён бас омафаҳму нобу равшанлаҳн,

Хушу хушгӯй, ширину лазизу шаҳдсон ӯрост. 

Забони Рӯдакӣ шуд таъму шаҳди назму насри мо,

Шуда саргаҳ ба ҳикмат, ҳурмати хурду калон ӯрост. 

Забони Ҳофизу Синову Саъдӣ, Бедилу Хайём,

Дили Айнию Мирзо, Лоиқу Озар макон ӯрост. 

Забон эҳёи миллат, лафзи поки модарон бошад,

Ба қалби ҳар яке маъвост, зеро ошён ӯрост. 

Забон мафҳуму мазмун асту дарки ҳастии миллат,

Хату маънию мантиқ ҳамчу услуби равон ӯрост. 

Забони фан, забони дарсу илму рӯзгори мо,

Маҳину ҳам нафису нарм алфози баён ӯрост. 

Забон чун махзани волобаҳо, меъёри нутқи мо, 

Ҳазорон фикру андеша мадор андар тавон ӯрост. 

Забон зарсуфта мегардад зи лаҳни модарон возеҳ,

Китобу дарсу илму фазлу дониш ҷисму ҷон ӯрост, 

Забони шеъру шоирҳову орифҳои оламгир,

Маориф, синфу мактаб даргаҳу ҳам остон ӯрост. 

Забон андар садоқат шуҳраи байналмилал гардид,

Дару даргоҳи рӯзафзуни дониш Созмон ӯрост. 

Забон меросу махзан, муҳтавову донишу ирфон,

Ҳиҷову ҳарфу матну вожаҳояш достон ӯрост. 

Забон алфози модар дар дили ҳар кӯдаки навзод,

Навои алла бар таскини ин руҳу равон ӯрост. 

Забон худ руҳу ҳушу дарки ақлу ҳикмати миллат,

Ифода ёфтан дар зеҳну мағзу устухон ӯрост. 

Забон воситаи бориз барои амни ин миллат,

Тамоми мушкилиҳо рафъу он ҳам имтиҳон ӯрост. 

Забон бо дил, Ниҳонӣ, муъҷизоти даҳр бикшояд,

Ҳазорон сирру асрори ҷаҳон андар ниҳон ӯрост. 

03.10.2025

Ҳамчунин дигар маводҳо: