https://sadoimardum.tj

Панди нек

№:156 (5052), 29 дек 2025, 13:26
0

Ба ҳар як хандаи он лаб ҳазорон роз пинҳон аст,

На ҳар хомӯшии лабҳо нишон аз роздорон аст.

 

Ҳама дин, мазҳабу маслак чу бо худ арзише доранд,

На ҳар касро, ки бошад ришу тасбеҳ, ӯ мусулмон аст.

 

Табиат одамиро аз назофат ризқ мебахшад,

Намедонӣ, сиёҳ аст абр, аз ӯ борони найсон аст.

 

Бинои зиндагиро бо таваккал хуш набояд сохт,

На ҳарчӣ коштӣ, ҳар донаеро ҳосилаш нон аст.

 

Вуҷудот аз вуҷудаш дар муҳити зиндагӣ маътал,

На ҳар гаҳ одамисурат ба ботин низ инсон аст.

 

Биорад тоату тавба аҷаб ҷабре ба пешонӣ,

На ҷумла саҷдаҳо бар хок аз ихлосу имон аст.

 

Фиреби зоҳиди ҷоҳил махӯр бо чашми зоҳирбин,

Нагардад соҳиби фазл, он ки ӯ бе лутфу эҳсон аст.

 

Давое нест аз баҳри хурофотию ифротӣ,

Набояд чорае дигар, бар онҳо гӯр пазмон аст.

 

Бубин, он шайхи томеъ муфт умре суд меҷӯяд,

Нашав ҳайрон, аз ин кор арчи шайтон низ ҳайрон аст.

 

Азоим кард шайхе, дид дармон нест з-ин кораш,

Накарда шарм, гуфто ин фусунҳо кори шайтон аст.

 

Ҳама касро бувад аз илму аз фан зиндагии хуш, 

Нагардад маҳв ҳаргиз он касе, роғиб ба ирфон аст.

 

Нигар, бар зарру зевар бехирад дорад ҳавасҳо беш,

На гардад огаҳ аз он к-аз хирад ин ҷумла арзон аст.

 

Амал - оинаи аслу вуҷуду ҳастии инсон,

Набояд зист бе илму амал, ин қавм сарсон аст.

 

Забонаш ҳаст ҷосусаш, касе, к-ӯ ҳарзагӯ бошад,

На, ҳарфе аз даҳон барҷаст, дигар он на пинҳон аст.

 

Чу савдо мекунад оқил ба ҳар нақд аз нигоҳи дур,

На ҳар санге ба савдо рафт, он лаъли Бадахшон аст.

 

Абад оромии ҳар кас бувад, хомӯшии мутлақ,

На дар ҷунбиш агар бошад, бубин, сайёра вайрон аст.

 

 

Тавонӣ, панду ҳикмат гир беш аз ҳар зару зевар,

Надонӣ, маърифат ганҷест, бо одоб ҳамсон аст.

 

Муҳим он ҳаст: омӯхтан набошад аз дигарҳо айб, 

Насибат гашт ин мақсуд гар, олам санохон аст.

 

Агар ҳар мард мекӯшад қавитан бар Ватан бошад,

На ҳар вақте бигӯем он фалонӣ гурди майдон аст.

 

Бузургӣ халқро он, к-аз гузашта ифтихор орад,

Наметарсад зи оянда, чаро худ насл аз он аст.

 

Чу бо мардум бубояд зист, ҳатто ҳамнафас бошӣ,

На битвонӣ агар хезад халоиқ, обу тӯфон аст.

 

Муҳим ҳувияти миллӣ барои ҳар яке миллат, 

Надонад ҳар ки ин маъно, бидон, ӯ душмани ҷон аст.

 

Идора кардани одам ба вақти хеш мебояд,

Набуд мушкил агар ин, бо фазо як будан осон аст.

 

Ҳаёт онро биёмӯзад, касе онро чу омӯзад,

На омӯхтан зи рафти рӯзгорон хулқи нодон аст.

 

Агар мо комёб оем, гӯем ақл пирӯз аст,

Нашуд гар бахт, мегӯем қисмат худ саробон аст.

 

Бидон, одам ба ақл ояд ва бо зеҳну тафаккур ҳам,

Набошад ин фазилатҳо, чӣ наздик он ба ҳайвон аст.

 

Агар гум шуд амонӣ, қадри онро баъд медонем,

Намедонем, фазли ӯст, ки дунё ба сомон аст.

 

Ирода, қавлу ҳам шаън одамиро муҳтаво бахшад,

Накарда ростӣ пеша, бидон, беаҳду паймон аст.

 

Ҳудуде нест оламро, ки умраш ҳаст бепоён,

На ҷовид аст одам, бастаи гардуни гардон аст.

 

Бидон, одам барад бо орзуҳо умри худ бар сар,

Намонад орзу рӯзе, бидон, умраш ба поён аст.

 

Ҳидоят кард касро қимати номусу нангу ор,

Нашояд зистан чун бешараф, ин шарту бурҳон аст.

 

Бувад ҷунбиш чу маънои ҳаёту ҳам амал доим,

Накарда ин қарор оин, зарар бар ҷисми эшон аст.

 

Муҳити солим аз инсон ҳамеша шахсият созад,

Нагирад дар муҳите маскан, ӯ умре дар армон аст.

 

Зарур ояд ба давлат ҳам суботу сулҳу амният, 

Набитвонӣ ба даст орӣ, ба сӯят тиру пайкон аст.

 

Зимоми нафсу ҳам набзу нафасро дар қаноат ҷӯй, 

На битвонӣ чунин кардан, тану ҷонат гаравгон аст.

 

Бубин гулбазми маҳрӯён, ба тан пероҳани рангин,

На ҳар зебои ҳусноро малакбонуи даврон аст.

 

Чу касро хонданаш доно, навиштан мекунад олим,

Намедонӣ, ки фулод устувор аз қури тафсон аст.

 

Ба батни модару дар рӯзгорон обутобат ҳаст, 

Надонӣ, нони гандум хушмаза аз сӯзи чагдон аст.

 

Суроби шахс тобад шамъи равшан дар шаби торик,

На ҳақ тақлидгар гӯяд, чу гӯяд, ақл ҳайрон аст.

 

Ҳақиқат пеши маҳрӯе ба тафсираш забун гардид,

Надонистам, камон бошад гар абрӯ, тир мижгон аст.

 

Тавофут чист байни меҳру майлу ҳамдаму пайванд?

Нагашта ҳеҷ маълумам, ҳақиқат васли ёрон аст.

Сухан ҳам қудрати қатлаш бувад, ҳам қудрати авфаш,

Нагуфтан беҳ аз он бошад, ки ҳарфат қасд бар ҷон аст.

 

Садоқат он: нагӯӣ сирри кас бар хешу бегона,

Надонӣ гар замири кас, хамӯшӣ роҳи осон аст.

 

Ҳаме кас маҳв мегардад, надонад хубу бад гар чист,

Таҳаввул бар хирад натвонӣ ар, ин бар тан исён аст.

 

Назар кун аз нигоҳи дур аз ҳозир ба оянда,

На ҳар кас донад, ин маънии ибрат қарзи виҷдон аст.

 

Ба кору касб бинмо шуғлу бар илму амал пеша,

Намемонад асар аз меш, ҷое гург чӯпон аст.

 

Дареғо, қисмати худро набинад кас ба ақли хеш,

Надонистан беҳ аз оне, ки дониста пушаймон аст.

 

Ҷаҳолат беш шуд, одам ба одам душмани қаттол,

Надонӣ қаҳру ҷаҳлу хашму шӯр аз даври кайвон аст.

 

Агар тақвим бо тақдир аз ҳафтахтарон ҷӯем,

На ҷӯр он ҷирмҳо, чун ҳар яке санги фалахмон аст.

 

Ба умре ёфтан раҳ ё ба худ раҳ сохтан бошад,

Наёбӣ чун хати раҳ, мизбонат низ меҳмон аст.

 

Ба одам дода худ модар басанда зеҳни ақлонӣ,

На сунъӣ ҳаст, илмаш аз замин то авҷи кайҳон аст.

 

Қади бадафтро оинаи каҷ мекунад мавзун,

Надидӣ, арзиши бадасл чун манҳус аҳён аст.

 

Ҳувайдо гардад аз одобу хилқат хулқу атворат,

Нашуд адле, ҳақиқат пеши ноҳақ гоҳ гирён аст.

 

Ниёиш кардани ҳар кӯрдил аз он ки дурӯянд,

Накун болои кас туф, баъд гӯӣ нам зи борон аст.

 

Зи панди «Бӯстон»-и Саъдӣ омӯхтанд дунёро,

Наҷӯ, андешаи ахлоқӣ афзун дар «Гулистон» аст.

 

Бихон ту «Шоҳнома», «Маснавӣ» хуш маънавӣ дарёб,

Нашав мабҳут дар омӯхтан, к-он баҳри туғён аст.

 

Садои санг тира карда табъи шишаи равшан,

Набинӣ шиша бар оина, рашкаш яшкдандон аст.

Ба қаъри қарнҳо бингар, асос оритабор астем,

Нахустин ихтирои ҷадди мо шатранҷу чавгон аст.

 

Бувад ирсан зи модар ин забону зеҳну ақлу ҳуш,

Насаб, ҳам хулқу атворат, яқин, бо шир бар ҷон аст.

 

Чу хоҳӣ нӯшдору ёфтан аз ҳикмати Сино,

Наҷӯ, чун талх бар ширин, ба тезӣ турш дармон аст.

 

Агар хоҳӣ, ки вақт истад, ба машриқ рав ҳаме бо ӯ,

Насозӣ тарки мағриб, вақт аз одам гурезон аст.

 

Агар ту ғайбгӯӣ, ҳарф мегӯйӣ чу афсона,

На гар фарзе зи илм ояд, зи он судаш фаровон аст.

 

Бувад ақлу нафас якумр бар нафсу ҳавас ғолиб,

Нагӯ он ростӣ маҳзун, намак заҳри намакдон аст.

 

Агар нуқсони қонун шуд, на кирдори гунаҳфарҷом,

На авфе ҳам зарурат ҳаст, не бар қатл фармон аст.

 

Ситора дар само беҳтар шуморанд аз даруни чоҳ,

Намояд хуш шабаҳ, моро зи моҳе дар биёбон аст.

 

Яке суд аст фоида, дигар судаш мурофиа, 

Нагӯ маъне духӯра, дон, зақан аслан занахдон аст.

 

Бубин, назри гуноҳ авф асту узри он пушаймонӣ,

Намо бо адл ҳукме, к-ин асолат аз бузургон аст.

 

Яке аблаҳ, дигар нодон шуда бо якдигар яксон,

Накард аксар амал, бо ӯ ақал чангу гиребон аст.

 

Ба хӯрдан, зистан, гаштан набояд буд дар олам,

Нашояд мурдани қадрат, агар номат намоён аст.

 

Сухан бояд ки ҳақ бошад, асосаш илму дониш беш,

Набояд кард фитна, чун зи карда кас ҳаросон аст.

 

Агар хоҳӣ биҳиште дар замин бо зиндагӣ ёбӣ,

Навидат медиҳам инак, дақиқан, Тоҷикистон аст.

 

Ниҳонӣ, то тавонӣ, беш гӯ аз некии дунё,

На бар ҳар марди дунё лаҳзаи хуш ҳар дам имкон аст.

Ҳамчунин дигар маводҳо: