https://sadoimardum.tj

«Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон!»

№:120 (5016) 08 окт 2025, 19:00
3

ё ҷойгоҳи ҳувияти миллӣ ва динии тоҷикон дар гуфтори Пешвои миллат

«Миллате, ки гузаштаи худро намешиносад, оянда надорад!».

Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҷомеае, ки дорои таърихи куҳан, фарҳанги оламгир ва мардуми тамаддунсозу тамаддундор аст, шинохти шахсияти инсон тавассути ду унсури асосӣ сурат мегирад: ҳувияти миллӣ ва ҳувияти динӣ. Дар замони ҷаҳонишавӣ ва вусъати идеологияҳои бегона дуруст муайян кардани ҷойгоҳи ин ду арзиш ва муътадил нигаҳ доштани ин ду пояи шинохти инсон барои ҳифзи ҳастии миллат зарурати таърихист.

Вақт собит сохт, ки нооромиҳои бардавом ва бесарусомонии аксар кишварҳои мусалмоннишин, натиҷаи дар мухолифат ва ё дар афзалияти бепоя қарор додани дин бар арзишҳои миллӣ аз ҷониби неруҳои дохилӣ ва ё хориҷӣ мебошад.

Аз ин рӯ, дар ин гуна шароит муайян кардани ҷойгоҳи ин ду унсур, яъне миллият ва диният ва дар як вақт дар мувозанати мавзун арҷ гузош­тан ба ҳарду барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва динӣ шароит муҳайё кардан ва ҳардуро ҳифз намудан, бахусус, дар шароити давлати демократӣ ва дунявии табиати миллидошта, корест басо мушкил, аммо зарурӣ ва муҳим.

Тавре аз таҷрибаи дигар кишварҳо мебинем, ҳар қуввае, ки бо истифода аз эътиқоди динии мардум (барои ҳар миллате ки бошад) ва бо додани афзалият ба арзишҳои динӣ давлатсозӣ кард ё ҷомеаро хост бо истифода аз боварҳои динӣ идора кунад, дер ё зуд мувоҷеҳи мушкилӣ шуд. 

Таҳлилҳо гувоҳи он ҳастанд, ки ҳар миллате, ки тавонист ҳувияти миллии худро ҳифз намояд, онро тақвият бахшад ва исломро (ва ё дигар динро) ҳамчун рукни миллӣ ба хотири рушди он истифода кунад, марҳала ба марҳала рушд карда, саодатманд гашт, аммо ҳар миллате, ки миллияти худро фидои дин кард, на аз миллат чизе монд, на аз диёнати онҳо.

Вақт собит сохт, ки зери шиори «уммат» ва ё «миллати мусалмон» муттаҳид сохтани халқиятҳо барои ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ шиоре беш нестанд ва танҳо ин гуна шиорпартоиҳо ғаразҳои сирф сиёсии онҳоро ҳадафи пиёдасозӣ қарор додааст.

Агар ба маънии миллат аз нигоҳи сиёсӣ ва миллат аз нигоҳи ислом таваҷҷуҳ намоем, ду чизи ба ҳамдигар мутафовитро мебинем, аммо на равишҳои комилан ба ҳам мухолифро, зеро дар дохили ин дидгоҳҳо ҳастанд унсурҳои умумиятдоштаи дигаре. Яъне, ин ду мафҳум ҳаргиз ва қатъиян мусалмонро дар пешорӯи интихоби яке қарор намедиҳад. Масалан, миллат аз нигоҳи сиёсӣ дар худ асоси қавмӣ, нажодӣ, забонӣ, таърихӣ ва ҳудудӣ дошта, асоси онро унсурҳое чун шаҳрвандӣ, хун, қавмият, сарзамин ё ҳудуди муайян ташкил медиҳад, аммо, миллият аз нигоҳи ислом имон ба Худо, Паёмбар ва Қуръонро дар назар дошта, ченаки асосии он умумият ва муттаҳидии мардумро дар эътиқод ва амал ба корҳои хайр медонад. Назари амиқ ба дохили ин равияҳои атрофи ваҳдат ва иттиҳоди мардум тарғибкунанда арзишу ғояҳои зиёди муттаҳидкунандаю умумиятдоштаро низ кашф менамояд, ки эътирофу созиши мавзуни онҳо дар ҷомеаҳои анъанавӣ имкон дорад ба манфиати ваҳдати миллӣ хизмат намоянд. Ба ин маънӣ, ки дилхоҳ миллат метавонад бидуни аз арзишҳои миллӣ даст кашидан мусалмон ва ҷузъи уммати ислом бошад.

Дар мухолифати сунъӣ қарор додани ин арзишҳо ва унсурҳои бунёдии миллат ва дин дар фазои мафкуравӣ бо мақсадҳои ғаразноку афзалиятхоҳӣ, то ба зинаи куфру ғайриилмӣ эълон кардани равишҳои ҳамдигар як таҷрибаи тундгароёнаи ғайриилмию ғайридинӣ аст. Ё як бандаи боимон чӣ гуна метавонад ба иродаи Парвардигори якто, ки ӯро дар оилаи кадом як миллате ҳаст кардааст, эътирозу ношукрӣ намояд?! 

Чунончӣ, Худованд дар сураи Ҳуҷурот, ояти 13 мефармояд: «Мо шуморо қавмҳо ва қабилаҳо қарор додем, то якдигарро бишносед. Ба дурустӣ, ки гиромитарини шумо назди Аллоҳ парҳезгортарини шумо аст».

Худованд дар ин ояи Қуръон ҳам ба қав­мият, яъне миллияти сиёсӣ ва ҳам парҳезгорӣ, яъне миллияти исломӣ ишорат кардааст.

Дар сухани Пешвои миллат, ки зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат 9-уми марти соли 2024 баён карданд ва бори дигар дар маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ иброз доштанд: «Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон», ҷаҳони меҳру муҳаб­бат ва садоқат ба миллати тоҷик бо ҳама арзишҳое, ки дорад ва Тоҷикистони соҳибистиқлол нуҳуфта буд. Ин суханон далолат аз хиради волою дурандешӣ ва муҳофизи арзишҳои миллию динӣ будани Сарвари мо мекунад, ки дар пасманзари худ ҳадафҳои олии давлатсозиро бо рушди солими мафкураи миллию динӣ доро аст.

Нахуст, бояд зикр намоем, ки дар масири мураккабу пурпечутоби таърихи навини тоҷикон шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдат, наҷотбахши миллат, муҳофизи истиқлолу озодӣ ва бунёдгузори давлатдории навин, инчунин, тақвиятбахши худшиносии миллӣ ва динӣ зуҳур кард. 

Бо дурандешӣ ва дарки амиқи руҳу равони миллат Сарвари давлат тавонистанд дар як замони пурфишор ва ҳассос ду рукни асосии ҳастии тоҷикон: миллият ва динро дар паҳлуи ҳам ва дар хизмати якдигар қарор диҳанд.

Мардуми тоҷик танҳо пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ вориди марҳалаи асосии худшиносии миллӣ шуд. То ин дам солҳои тӯлонии ҳукмронии идеологияи коммунистӣ ва аз ин пеш дигар ғосибон боиси аз маърифати таърихӣ, забонӣ ва фарҳангии худ дур шудани миллат гардида буданд.

Дар чунин шароит Пешвои миллат бо руҳияи ватандӯстона ва биниши таърихӣ ба саҳнаи сиёсат ворид гардиданд ва сухани «Ман ба шумо сулҳ меорам!»-ро сармашқи кори худ қарор дода, зери нидои «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби ҳамаи мо!» мардумро сарҷамъ намуданд. Аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ пайваста таъкид мекарданд: «Бояд таърихи худро донист, ба гузашта фахр кард ва барои оянда аз он сабақ гирифт». 

Маҳз, бо ибтикори Пешвои миллат забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт ва бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» ҳимоя шуд, «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар хонавода тақдим гардид, инчунин, китобҳои муқаддаси Авасто ва Қуръон ба забони тоҷикӣ нашру паҳн шуданд. Ба ҳамин тартиб, бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат китоби арзишманди миллии мо - «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба наздикӣ бо шумораи зиёд чоп ва дастраси ҳар сокини мамлакат шуда истодааст. Солҳои соҳибистиқлолӣ садҳо ҷашнвораҳои бузурги фарҳангӣ ба хотири бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, Ибни Сино, Имоми Аъзам, Мир ­Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, 1100-солагии Давлати Сомониён, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисор, 5500-солагии Саразм ва ғайра баргузор шуданд. Инчунин, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, деҳаву маҳаллаҳо, муассисаҳои илмиву маърифатӣ ва фарҳангӣ номи шахсиятҳои миллиро гирифтанд: Куруш, Спитамен, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Темурмалик, Носири Хусрав, Абуҳанифа, Ҳамадонӣ ва садҳо нафари дигар. Ин ҳама на танҳо эҳёи таърих ва маърифати миллӣ, балки заминаест барои шинохти арзишҳои тоҷикӣ ва эҳсоси ифтихор аз он ки дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат амалӣ шуданд.

Пешвои миллат аз оғози солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон то имрӯз ба мавзуи бисёр нозук ва ҳассос, яъне ҳамоҳангии миллат ва дин, муносибати хирадмандона кардаанд. Ба ҷойи муқобилгузории суннату шариат талош карданд дин ва миллатро ҳамчун ду сутуни такмилдиҳандаи худшиносии инсон муаррифӣ намоянд. Аз ҷумла, динро ба абзори ваҳдат табдил доданд, на ҷудоӣ, балки ваҳдатро мақсад гузошта, барои миллати тоҷик Қуръонро ба тоҷикӣ тарҷума ва нашр карданд, то халқи тоҷик исломро бо забони худ бифаҳмад. Ҳамзамон, бо ташвиқи фаҳмиши муътадили мазҳабӣ аз хурофотгароӣ пешгирӣ намуда, бо эҳёи зиндагию корномаи шахсиятҳои миллию динӣ ба ҷавонон намунаҳо барои ибрат пешниҳод карданд. 

 Аз сӯи дигар, тоҷик яке аз миллатҳои куҳанбунёди Осиёи Марказист, ки беш аз панҷуним ҳазор сол таърихи мушаххас, забони муайян, қаламрав, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ дорад. Аз нигоҳи таърихӣ мо, тоҷикон, то қарни VII милодӣ ба дини зардуштӣ ва дигар боварҳои ориёӣ пайравӣ мекардем. Аз асри VII ба ин сӯ, пас аз густариши дини ислом, аксар мусалмон шудем ва ба мазҳаби ҳанафӣ пайравӣ менамоем.

Масъалаи дигар тарзу усули густариши ислом ба сарзамини таърихии тоҷикон аст. Исломро зӯран сари ниёгони мо бор карданд ё гузаштагонамон ихтиёран онро пазируфтанд ва ё ҳарду омил вобаста аз шароиту замону макон ҷой дошт, мавзуи дигар аст. Аммо масъалаи он ки ниёгони мо бо борхалтаи фикри динии худ шомили тамаддуни исломӣ шуда, дар рушди шаклию мазмунии дини нав дар миёни халқҳои мусулмоншуда нақши фаъолро бозиданд, баҳснопазир аст. Онҳо дар ҷамъоварию кодификатсияи ҳадисҳо, шарҳу тавзеҳи фиқҳ, ташаккули илми калом, рушди ҷараёни сӯфия ва ҳатто, дар тасрифу тадвини қоидаҳои имлои забони арабӣ аз нухбагону пешоҳангони илми замон будаанд. Аслияти фарҳангӣ ва таҷрибаи дини қаблиямон барои қабули дини нав ва рушди он таъсири мусбат расонд. 

Яъне, масъалаи пайрави кадом дину мазҳаб будан ё набудан барои мо, тоҷикон, мисли тамоми мардуми дигари соҳибтамаддуни дунё, як шохаи шинохти динист, на асли шинохти миллиамон. Ин ба он маъност, ки қатъи назар аз боварҳои динӣ ва мазҳабӣ мо - мардуми тоҷикро як омил муттаҳид месозад – тоҷик будан. Забон, фарҳанг, хотираи таърихӣ ва арзишҳои миллӣ дар раванди худшиносии мо нақши меҳварӣ доранд.

Гуфтори «Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон» ба миллати сарбаланди тоҷик чӣ пайғом медиҳад?

1. Мо миллате ҳастем, ки ишораи пайғамбарӣ ба сӯи миллияти мост. Ин бисёр ифтихорбахш аст. Яъне, ҳадиси саҳеҳи «Агар илм ва ё имон дар сурайё бошад, мардоне аз ин қавм (яъне, форсҳо) ба он мерасанд» ин ҳақро ба мо медиҳад, ки аз тоҷик - форс будани хеш ифтихорманд бошем; 

2. Ин ишораи пайғамбарӣ ба он хотир аст, ки мо алорағми дигар миллатҳо, ки акнун ба дини ислом сарфаҳм мерафтанду ихтиёрану зӯран ба ислом мегаравиданд, қобилияти дарки илоҳӣ доштем, зеро дини мо зардуштӣ – дини яктопарастӣ буд. Ин ишораи Пайғамбари ислом (с) низ ба Салмони Форс ба ҳамин хотир буд, ки ӯ чӣ будани Худои ягона ва диданашавандаро медонист;

3. Мо – тоҷикон дар ташаккули дини ислом дар қаламрави худ ва берун аз он саҳми бориз доштем, на дини ислом дар ташаккули миллии мо. Фарзандони тоҷик чун Имом Бухорию Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ва чандин нафарони дигар, барои олами ислом мазҳаби барҳақ офариданду ҳадисҳои саҳеҳ ҷамъоварӣ намуданд ва исломро бар арши аъло нишонданд. Баъдан, Имом Тирмизӣ, Форобӣ, Ибни Сино, Мотуридӣ ва дигарон ҳамчун донишмандони барҷастаи миллати тоҷику форс дар рушди ғоявии дини ислом саҳми беназир гузоштанд.

Аз ин рӯ, гуфтори «Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон» ба хотири ҳифзи ҳувияти миллӣ ва муқобила бо ҳама равияву ҷараёнҳоест, ки мехоҳанд бо суистифода аз боварҳои диниву ақидаҳои пурихтилофи мазҳабӣ тоҷиконро аз решаҳои таърихиву фарҳангиашон ҷудо созанд ва зери шиорҳои динии бегонаву сохта моро бедавлату бетамаддун нишон диҳанд. Ин гуфтор даъватест ба роҳи рост дар самти ҳифзи давлатдории миллӣ ва, ҳамзамон, ҳифзи ҳувияти миллию диниамон.

Акнун саволи матраҳ ин аст, ки чаро зарур аст ин гуфтор шиори умумимиллӣ гардад? Имрӯз гурӯҳҳои ифротӣ талош доранд, ки дини исломро ҳамчун як абзори сиёсӣ истифода бурда, ҷавононро шаклан зери парчами «уммат» қарор дода, дар асл зидди ҳувияти миллӣ ва давлату ватани худ даъват кунанд. Шиори «Ман аввал тоҷикам...» посухест ба чунин даъватҳо. 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки миллат бе худшиносии миллӣ, эҳтиром ба гузашта ва ҳифзи забону фарҳанг пойдор намемонад. Аз ин рӯ, гуфтори «Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон!» метавонад мардуми кишварро барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, ки дин ҷузъе аз он мебошад, муттаҳид созад. Имрӯз зарур аст ҷавонон бидонанд, ки мусалмон будан ҳеҷ гоҳ бо тоҷик будан дар таноқуз ва таоруз нест бо ифтихор аз тоҷик будан метавон аз дини худ ҳам ба таври шоиста ҳимоят кард. Бо гузашти қарнҳо тоҷик будан худ ба маънои мусалмон будан аст. Беҳуда нест, ки Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид медоранд: «Дини мо ё мусалмонии моро касе аз мо дигар гирифта наметавонад!», яъне, мусалмон шудани мо – тоҷикон ҷараёни баохиррасида мебошад. Тоҷик будан худ пояи устувори худшиносӣ ва диндорӣ аст. Тоҷикият ҳамакнун рукни имон ва шиносоии динӣ дар замони ҷаҳонишавӣ бояд маҳсуб ёбад ва тоҷик будан худ бояд сипаре бар зидди ифротгароии динӣ бошад.

Аз ин рӯ, гуфтори «Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон!» паёми ваҳдати миллию динии тоҷикон ва шинохти ҳувияти миллию динии миллат ба ҳисоб рафта, ба мо пайғом медиҳад, ки миллататро бишнос, то динатро бифаҳмӣ.

 Ин шиор таъкид мекунад, ки аввал бояд миллататро шиносӣ, то дини худ­ро бо забони хеш, бо фаҳмиши хеш ва дар сарзамини хеш орому осуда пайравӣ намоӣ. Яъне, тасдиқи барҳақи гуфтаҳои хирадмандонаи «Худошиносӣ аз худшиносӣ оғоз меёбад» ё «Он ки худро шинохт, Парвардигори худро шинохт» ба ҳисоб меравад. 

Шинохти қавму миллат ҷузъи фит­рат ва зарурати иҷтимоии инсон аст. Ислом миллатҳоро барҳам намезанад, балки ба он муътақид аст, ки ҳувияти миллӣ бояд сабаби шинохти беҳтари якдигар гардад. Яъне, шинохти қавм ва миллат муқаддимаи шинохти умумӣ аст. Ислом ҳам пайравони худро ба ватандӯстӣ, ҳифзи робитаи хешутаборӣ ва миллӣ ташвиқ мекунад. 

Тоҷикон дар замони Куруши Кабир, Дорои I ва Дорои III шоҳиди ташаккули тамаддуни бузург буданд. Дар аҳди Сосониён забони порсии миёна (паҳлавӣ) ва дини зардуштӣ расмиёти давлатдории тоҷиконро ташкил медоданд. Пас аз зуҳури ислом мардуми ориёии ин сарзамин дини навро пазируфтанд, аммо забон, фарҳанг ва давлатдории хешро ҳифз намуданд. Давлати Сомониён яке аз аввалин давлатҳои миллӣ дар фазои пасазисломӣ дар Шарқ маҳсуб мешавад. Дар он замон низ тоҷикон тавонистанд бо қабули дини ислом забони модарии худро ҳамчун забони илм ва давлатдорӣ нигоҳ доранд ва бар он илму маърифатро густариш диҳанд. Ҳамин тафовут, яъне миллатсозӣ дар чорчӯбаи диндорӣ, тоҷиконро аз бисёр миллатҳои дигари минтақа фарқ мекунонад. Пас, таърих моро водор мекунад, ки аввал тоҷик буданро ҳамчун рукни ҳувияти таърихӣ шиносем, то дини худро низ бо забони хеш ва тафаккури пешрафтаамон дарк кунем. Чунки бо тафаккури ақибмонда ба ҳеҷ ваҷҳ ба дарки муҳтавои аслии ягон дин расидан имкон надорад ва зуҳури андешаҳои ифротӣ ва экстремизму терроризми бо пӯшишҳои динӣ аз ҳамин ақибмондагӣ сарчашма мегирад. 

Дар асри XXI таҳти таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ва таблиғоти ифротӣ қисме аз ҷавонон худро танҳо «мусалмон» муаррифӣ мекунанд ва ин кори худро «ҷиҳод дар роҳи ислом» унвон карда, ба шеваҳои таҳқиромез миллат, забон ва фарҳанги миллии худро инкор мекунанд. Ин раванд ниҳоят хатарнок аст, зеро ифротгароён бо суистифода аз дини ислом мехоҳанд миллатҳоро барҳам зананд. Радди миллат бошад, ба маънои радди таърих, тамаддун, забон ва давлат аст. Шиори «Ман аввал тоҷикам...» ва дарки моҳияти ин гуфтор сипарест дар муқобили ин хатарҳо.

Агар руҷуъ кунем ба таърихи пайдоиши динҳо, ба натиҷае мерасем, ки форсҳо, тибқи пажӯҳишҳои бостонӣ ва диншиносӣ, аз ҷумлаи аввалин қавмҳои диндор дар таърихи башарият буданд. Ориёиҳо пеш аз қавмҳои семитӣ ё сомӣ (монанди арабҳо, яҳудиёну осуриҳо) дини яктопарастӣ ва пайғамбару китоби худро доштанд. Зардушт яке аз аввалин паёмбарони таърихист, ки бинобар тахминҳои муҳаққиқон, байни солҳои 1800 то 1200 пеш аз милод зиндагӣ кардааст. Ӯ дар минтақаҳои шарқии Эрони куҳан (эҳтимол, дар Бохтар ё Суғди қадим, яъне ҳудуди сарзаминҳои Тоҷикистон ва Афғонистони имрӯза) зуҳур кард ва дини яктопарастии Аҳурамаздоро бунёд гузошт. Дини зардуштӣ, ба таҳлили пажӯҳишгари номвар Мерӣ Бойс, аввалин низоми динии яккахудоӣ дар дунёст, ки ба инсон масъулияти ахлоқӣ ва интихоб миёни хайр ва шарро медиҳад. 

Дар маркази оини зардуштӣ Аҳурамаздо, яъне Худои ягона, қарор дорад, Холиқи некӣ ва Нур. Зардушт таълим медод, ки танҳо як Худо ҳаст ва тамоми коинот аз они ӯст ва мо бандагони Худоем. Тибқи гуфтаҳои ба Зардушт нисбатдодашуда, дар Готҳои Авесто «Худо яктост ва ман паёмбари Ӯ ҳастам». Ин ба таври аён нишон медиҳад, ки ориёиҳо, аз ҷумла форсҳо, пеш аз дигарон ба яктопарастӣ роҳ ёфта буданд. Такроран иброз медорам, ки ишораи Пайғамбари ислом (с) низ ба Салмони Форс ба ҳамин омил бастагӣ дошт, на робитае, ки ӯ бо Паёмбар (с) ва ё Паёмбар (с) бо ӯ дошт. Факт ва далел яктост: мо тавассути дини зардуштӣ яктопараст будем ва қобилияти дарки Илоҳӣ доштем ва ин барои эҳсоси моҳияти дини мубини ислом бениҳоят муҳим буд.

Қавмҳои семитӣ ё сомӣ то қарнҳои пеш ба бисёрпарастӣ ва бисёрхудоӣ машғул буданд. Дини яҳудият бо зуҳури ҳазрати Мӯсо ташаккул ёфт ва яккахудоии яҳудиён пас аз 400 соли зиндагии онҳо дар байни бутпарастони Миср шакл гирифт. Арабҳо то зуҳури ислом дар асри VII милодӣ, асосан, бутпараст буданд. Қурайш ва дигар қабилаҳо дар Каъба садҳо бутро мепарастиданд. Аммо ориёиҳо, бахусус форсҳо, бо дини Зардушт ҳанӯз дар ҳазораҳои сеюму дуюми пеш аз милод ба шинохти Худо ва панҷ гоҳ ибодат дар як рӯз ёфта буданд ва шиорашон «пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек» буд.

Яҳудиён пас аз асорати Бобул аз сӯйи Куруш бо ақидаҳои зардуштӣ шиносоии бештар пайдо карданд. Муҳаққиқони муосир, аз ҷумла Ричард Фрай ва Мерӣ Бойс, ба он ақидаанд, ки аксари мафҳумҳои динҳои семитӣ монанди қиёмат, фариштагон, ҷинҳо ва ҷаннату дӯзах баъди ҳамзистӣ бо форсҳо, хусусан, дар давраи ҳукмронии Куруш ва Дориюш, вориди яҳудият гардид. Ин ҳақиқат ҳувияти таърихии ориёиҳоро ба ҳайси яке аз нахустин халқҳои динсоз ва тамаддунофари ҷаҳон собит мекунад.

Бо чунин собиқаи таърихи диндорӣ чун ислом зуҳур кард, аз ҳама пеш мардуми форс ба дарки суханони Паёмбари ислом (с) расиданд ва ба ӯ бовар карданд. Набояд фаромӯш кард, ки нақши форсҳо дар ёрӣ ба Паёмбари ислом Муҳаммад (с) ва минбаъд дар густариши дини ислом ниҳоят барҷаста аст. Бояд гуфт, қисми зиёди аҳли ансор дар Мадина форсҳо ва яҳудиҳо буданд ва ҳангоме ки Паёмбар (с) аз ҷабру ҷафои салафиҳо ба танг омаду ба Мадина ҳиҷрат кард, дар паҳлуи ӯ аҳли форс низ устувор шуданд. Махсусан, Салмони Форс ҳамчун мушовири илмӣ, дар қатори Абубакру Умару Усмону Алӣ, яке аз ёрони бовафои Паёмбар (с) эътироф мешавад. 

Паёмбари киром (с), ки дар вуҷудаш адолати Илоҳӣ туғён мезад, дар бисёре аз мавридҳо бартарияти миллати форсро аз дигар қавму миллатҳо эътироф кардааст. Ин гуфтаҳо, ки дар ривоёти муътабари динӣ зикр шудаанд, метавонанд як заминаи таърихӣ барои таъкиди нақши миллатҳои эронитабор, аз ҷумла тоҷикон, дар таърихи ислом бошанд. 

Ин башорату ишоратҳои паёмбарӣ ва чунин мисолҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки ифтихор аз миллат ва таърихи худ бо имон доштан ба ислом ҳаргиз дар таноқуз нест. Баръакс, аввал тоҷик ва баъдан мусалмон будан ҳамдигарро тақвият мебахшанд. Паёмбари ислом (с) худ бо гузоштани дасти меҳр бар китфи Салмони Форс ва ситоиш аз хирад ва асолатмандии форсҳо ин мавқеъро таъйид намудааст.

Чаро мо ҷидду ҷаҳд ва даъватҳои Пешвои миллатро дар самти ҳимоя аз дини мубини ислом, ҷо ба ҷо гузоштани арзишҳои миллию динӣ ва пешгирӣ аз сиёсисозию бадномсозии дини ислом чун кӯшиши як фарзанди дигари тоҷику форс дар роҳи таҳкими дини мубини ислом нодида бигирем?!

Ниҳоят, бо гуфтори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин натиҷа мерасем, ки мо тоҷикем – бо забон, фарҳанг, таърих ва исломе, ки бо забони модарии мо ва арзишҳои хирадмандонаи форсӣ ҳамгун шудааст. Дар хотир дошта бошем, ки тоҷик буданамон аз замони яктопараст шудани гузаштагонамон, яъне, аз Зардушт то Муҳаммад (с) ва аз Авасто то Қуръон, худ як равиши мантиқӣ дар таърихи диндории миллиамон гаштааст.

Пас, месазад, ки ҳамаи мову шумо бигӯем: «Шукрона мекунам, ки ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон!».

РАҲМОНЗОДА Абдулло Қурбоналӣ, 

ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа

Ҳамчунин дигар маводҳо: