ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ДИГАР ПАРДОХТҲОИ ҲАТМӢ БА БУҶЕТ» , №2165
Моддаи 1. Қисми 1 моддаи 6329 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» аз 28 июли соли 2006 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №7, мод. 345; с. 2009, №5, мод. 327; с. 2010, №1, мод. 3; с. 2011, №12, мод. 848; с. 2013, №3, мод. 191; с. 2015, №11, мод. 971; с. 2016, №7, мод. 629, №11, мод. 884; с. 2019, №4-5, мод. 230, №6, мод. 324, мод. 325; с. 2021, №6, мод. 396; с. 2023, №11, мод. 477, №12, мод. 576; с. 2024, №5-6, мод. 268) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Пардохт барои нобудсозӣ (утилизатсия)-и воситаҳои нақлиёти автомобилӣ (минбаъд - пардохт) тариқи ғайринақдӣ ситонида мешавад:
- аз воситаҳои нақлиёти автомобилии ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда аз ҷониби мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми барасмиятдарории гумрукии воситаҳои нақлиёт;
- аз воситаҳои нақлиёти автомобилии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта аз ҷониби мақомоти бозрасии давлатии автомобилӣ ҳангоми гузарондани муоинаи ҳатмии давлатии техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 15 апрели соли 2025, №2165
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 11 апрели соли 2025, №33
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода
ш. Душанбе, 2 апрели соли 2025, №50